Тифли дарё (Муродалӣ Собир)

Ин китоб аз шеърҳои тарбиявӣ ва омӯзгорӣ барои кӯдакон иборат аст. Шеърҳо ба хондани китоб, эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани Ватан даъват мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 8 саҳифа
БАҲОРИСТОН
Нишон диҳад ҷаҳонро,
Ҷаҳони кӯдаконро,
Дар ҳама рӯйи олам
Паёми дӯстонро.
Шогирди ӯ бешумор,
Барномаҳояш қатор
Бар ҳама кас хушояд,
Баҳори овозадор.
Мешавем мо интизор
Барномаро беқарор.
Аз навиду номаш
Омӯзем он чӣ даркор.
Бошад доим гулафшон,
Баҳори «Баҳористон».
Ҳадду канор надорад
Шодии хурдтаракон.
КИСТ АСҚАР?
Фарзандони баоранд,
Нангу номусе доранд.
Ҷойи аскар майдон аст,
Майдон ҷойи мардон аст.
Дар дасташ дорад камон,
Марзу бумро нигаҳбон.
Баҳонае начӯяд,
Барфу борон нагӯяд.
Боғайрату нангу ор,
Бар Ватан аст фидокор.
Дилу ҷони ӯ Ватан,
Бо Ватан аст тан ба тан!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё