Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳиҷолат бо суръат сарашро берун мекашад ва бо қадамҳои сареъ ба сӯйи ҷодари хеш меравад. Дар дами дар бо Абузакриё рӯ ба рӯ мезанад.

Абузакриё: Амирам тамоми шаб дар ҷодари худ набуданд?!

Амир Исмоил: Ғафлати шоҳон давлатро бибарад... Баъди намози бомдод асиронро ҳозир кунед. Теъдоди ишон чанд аст?

Абузакриё: Ҳафтод...

Амир Исмоил: Ба ҳамин адад ҳадоё тайёр кунед. Беҳтараш, ҷомаҳои занданиҷӣ.

Абузакриё: Ба чашм.

Ӯ ҳайратзада ба як сӯ меистад ва амир Исмоил ба даруни ҷодар медарояд. Абузакриё ба сӯйи рӯд меравад ва дар масири роҳ ба чандин ҷодар сар мехалонад.

Лашкари Бухоро ду тараф саф кашидааст. Асиронро, ки дасту пои баста доранд аз миёни ишон мегузаронанд. Онҳо хеле хаставу бимноканд. Дар ҳамин вақт Амир Исмоил аз ҷодари худ берун меояд ва ба сӯйи асирон меравад, ӯро Абузакриё ва Ҳусайни Аъло ҳамроҳӣ мекунанд. Амир Исмоил ҳамаро хомӯшона аз назар мегузаронад.

Амир Исмоил: Бандҳо аз дасту пои ишон бикушоед. Ҳадоё!

Чанд нафаре ба дастаи ҷомаҳои занданиҷӣ ҳозир мешаванд ва амир Исмоил ҳар асиреро худаш ҷома бар китф мениҳад.

Амир Исмоил: Акнун ба хонумони хеш баргардед. Ва ба бузургони худ бигӯед, ки мо қасди ҷону соли касе надорем. Ҳеҷ гоҳ набудааст, ки хоразмиён бар бухориҳо ва ё бухориён бар хоразмиҳо баҳри ғорати молу мулк тохта бошанд. Ин хӯйи мардуми мо нест, ки бар ҳамқавмони хеш битозанд. Хуне, ки дирӯз рехт бо гуноҳи мо набуд. Мо ба мулки Хоразм лашкар накашидаем. Мо фақат кишвари хешро ҳимоят кардаем. Ва ҳар қавми дигаре ҳам мебуд, ҳамчунон мекард. Акнун биравед, шумо озодед!...

Ҳама бо ҳайрат ба якдигар менигаранд. Асирон аз ҳама зиёдтар ҳайратзадаанд. Онҳо нобоварона ба ҳамдигар менигаранд. Гаранг шудаанд. Ҷон дар рамак надоранд. Ҳеҷ гоҳ ҳамчунин набудааст.

пешина
аз 675
навбатӣ