Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Сарбозҳо Бадри ғуломро, ки аз бешарафиву беномусӣ то ба “кабир” уруҷ карда буд, бо дастҳои баста меоранд. Аз тарси бими халифа ранг дар рӯйи зарди пурожангаш, ки хоси кӯсаҳост, намонда буд. Аслан ки рӯяш ранг надошт. Онро ба наврасияш рехта буд. Имрӯз фурсати онро ранг кардан наёфта буд, ки Софии Хуррамӣ ғофилгираш кард.

Муктафӣ: Маро бо ин ғулом хилват гузоред!

Чуз ду сарбози муҳофизи муҷрим дигар ҳама мераванд ва халифа ба Бадр рӯ меорад.

— Чаро чунин амали зиштеро муртакиб шудӣ?

Бадр: Ӯро тамаи мамлакат ҳама ҷаҳон буд. Набоястӣ, ки дар ҷаҳон касе бошад ки бар амиралмӯъминин бузургӣ ёрад кардан”

Ин суханҳо назди Мӯътази ба каррот гуфта буд, вале посуҳе чуз лабханди дардолуд наёфта буд.

Муктафӣ: Ӯ талоши кишвари хеш мекард, гумкардаҳои хешро баргардондан мехост. Туро ки ҳеҷ мояе надоштиву надорӣ, чӣ таҳрик ба ин амали зишт дод?

Бадр: Садоқату вафодорӣ ба амиралмӯъминин ва поси намаки ишон.

Муктафӣ: Оё як ғулом озодона, бехабар аз хоҷаи хеш ҳаққи мустақилона амал карданро доранд?!

Бадр: Не.

Муктафӣ: Ӯро ба зиндон баред!

Бадр пои равонро гум карда буд, забонаш ба комаш часпида буд ва сарбозҳо кашон-кашон ӯро аз боргоҳ ба зиндон бурданд. Ӯ аз ваҳшати ҷазо дидан ҳатто гиряву лобаро, зориданро аз ёд бурда буд. Ӯро чун кундаи тару оташгирифта, кашон-кашон аз миёни кӯҷаву бозор ба зиндон мебаранд. Қотили Амри Лайс! Қотили он кӣ дар Макка хутба ба номаш мехонданд, дар паррави ливояш боди бақо мехӯрданд!..

Шаҳр аз марги халифаи хеш ба чунин сутуҳ наёмада буд! Амри Лайсро куштаанд! Марги чунин Хоҷа на корест осон! Ин хиёнат ба осоиши мардум аст! Дигар мувозиби бало бошед! Хабари кушта шудани Амри Лайс ба зиндон дар байни мардум тарсу ваҳм, шафқату ҳамдардӣ барангехта буд. Ҳанӯз касе барқи буриши шамшери тези ишонро фаромӯш накарда буд! Ҳанӯз касе лаззати бориши атои хони ишонро аз ёд набурда буд! Дарего, дарего, дарег!!! Муктафӣ

пешина
аз 675
навбатӣ