Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

суруди регҳову бодҳои биёбонро ба нағмаҳои осмонии Ноҳид иваз намудаанд. Ҷомаҳои дурушти пашмбофту ноҳинҷорро ба абрешими шоҳӣ бадал кардаанд. Сарҳои чун занон пӯшидаро ба тоҷи шоҳаншоҳӣ оростаанд. Дар соҳили рӯдҳои равон, дар миёни киштзорҳои сабзу хуррам, боғҳои биҳиштгун маскан гузидаанд. Дигар биҳишти мавъудро ёфтаанд! Магар мешавад дигар аз ин зиндагии ҳавасангез даст кашид?! Дигар ҳар касе агар туро аз он биёбонҳои беобу бегиёҳ ба сӯйи хеш фаро хонад, гӯ бирав, эй бобо! Мо ба он чӣ баҳраш талош кардаем ёфтаем. Сарзамини Ҳиҷоз бо биҳишти мавъудаш аз шумост!

Лазистар аз малаху сусмор ғизо ёфтаанд... Инонро ба мавъуди худ баред! Инон аз ин мавъуде ки мо ёфтаем фаротар мехоҳанд! Инонро ба биҳишти Мавъуди Ҳиҷоз фаро хонед! Инон муштоқ шудаанд, маҷзуб шудаанд! Мо дигар аз мавҷуди Ҳиҷоз ба ин ҷо Ҳубут кардаем. Моро ба ҳоли хеш гузоред, эй воиқон Мавъуд!...Эй воиқони Мавъуд, моро раҳо кунед!..

Муктафӣ биллоҳ умури ҳукумати хилофатро аз фармони озодии Амри Лайси Саффорӣ оғоз мекунад, то дар қаламрави шарқии империяи хеш ду муҳраи қудрати ба ҳам зидро дошта бошад. Вале ин тираш хок мехӯрад! Амри Лайсро куштаанд!

Муктафӣ: Кушандаи ӯро пайдо кунед! Худи ҳамин лаҳза!

Қотил маъмури ҷустуҷӯи хеш мешавад! Бадр бенатиҷа бармегардад: Қотилонро куштаанд! Ду сарбози турк!

Муктафӣ: Сарбоз ба амир чӣ хусумате дошта метавонад, агар бе пуштивонае бошад?! Иллати душмании ду сарбоз аз як амири барояшон ноошно чист?!

Софӣ (дар гӯши Муктафӣ): Буданд касоне, ки фармони қатли ӯро аз худобиёмурзод исрор мекарданд.

Муктафӣ: Ин ҷо ҳузур дорад?

Софӣ: Не.

Муктафӣ: Ӯро пайдо кунед!

Софии хуррамӣ бо сарбозе чанд ба суроғи Бадри ходим меравад. Муктафӣ ба Қосим ибни Абдуллоҳ рӯ меорад.

Муктафӣ: Ниятҳо барбод рафт. Дигар илоҷе нест. Аҳди вулуъ ба амир Исмоил ибни Аҳмад фиристед ва вилояти Ироқу Райу Исфаҳон ва диёри Табаристуну Гургон ҳама ба Хуросон зам кунед...

пешина
аз 675
навбатӣ