Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
аст.
Амри Лайс: Ту бо хоинона куштани чун мане эмин натавонӣ шуд! Ҳазорсолаҳо мегузаранд ва ман барои шумо дарди сарҳое эҷод хоҳам кард. Шумо аз идроки он ки кӣ будеду чӣ шудед барои худ дардисарҳо эҷод хоҳед намуд. Шояд шумо худ фаромӯш кунед, ки киҳо будед, вале таърихи ин сарзамин бо мардумаш ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд ва ҳар лаҳза шуморо ба ёди гузаштаҳотон хоҳад афканд. Гузаштаҳои шумо барои шумо дӯзах эҷод хоҳанд намуд...
Бадр (хашмолуд ва хунсардона): Рӯҳи исёнгарашро ором кунед! Зудтар!
Сарбозҳо мутеъкорона сари Амри Лайсро аз тан ҷудо мекунанд. Сареро ба хоки зиллат, пеши пои ғуломе меафгананд, ки шукӯҳи аврангҳо буд. Худоё, худованд о дигар ин шабушҳо одамхор шудаанд! Дигар ин шабушҳо нишаста бар боли малаҳҳо киштзорҳои хуррамро хароб мекунанд!.. Қабоҳати ғуломон ваҳшатангез аст? Бадри ғулом аз қабоҳати хеш, ки бо дасти ду шабушхори дигар сурат пазируфт, ба ваҳшат меояд, ва ё аз салобати Хоҷа метарсад ва бо таҳлука зиндонро тарк мекунад. Дар хориҷи зиндон қотилони амири Ирокайну Хуросон, Ҳинду Синд, Кобулистону Зобулистонро мекушанд. Ин кушторҳо дигар шоҳиде нахоҳанд дошт. Касе Бадри “кабир”-ро ба доруға нахоҳад кашид! Ба маҳкама нахоҳад кашид. Қуззот далел надоранд! Дигар нахоҳанд дошт! Зиндонбонон кушандагони Амри Лайсро куштаанд! Вассалом! Эй ғулом, куштани чунин Хоҷа на корест осон!!! Дигар то ба ҳашр кушта хоҳӣ шуд! Ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар нафас аз нав бо дасти ҳар кадоме аз ин ватандорон кушта хоҳӣ шуд!
Рустамҳоро шаҳодҳо мекушанд! Ё ин амр сарнавишти озодагон шудааст? Шояд масали “сагбачаро калон кунӣ аз поят мегазад” зодаи ҳамин сарнавишт аст?! Шояд? Вале Абумуҳаммад бинни Алӣ ал-Муктафӣ биллоҳ дар ҷои падар нишаст ба расми эрониёни қадим! Инон ки ҷуз регзорҳои Ҳиҷоз чизе намедонистанд, имрӯз ба расму одати мутеони хеш зиндагиву ҳукумат мекарданд. Бо тақвотарини ишон дар арабият натавонист назди ҷилову шукӯҳи эроният худро боз дорад, бо асли худро аз даст додан ногузир аз эроният пайравиву тақлид намуд. Ҳиҷоз дигар чарогоҳи шутурҳо шудааст! Ҳиҷозиҳо хонаву дарҳои хешро фаромӯш кардаанд, ба кушкҳои Мадоин кӯчидаанд. Дигар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо