Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дорад. Ба мисли саги шаллокхӯрдае бо сари хам дум меликонад. Амиралмӯъминин бо поин овардани пилқҳои чашми росташ аз ӯ, ки ҳар нафас ва ба таври доимӣ мувозиби Амри Лайс мебошад, аз ҳолу аҳволаш пурсон мешавад.

Бадр: Амр умедвор аст, ки наберааш ӯро раҳо хоҳад кард. Амиралмӯъминин ба бемоягии ин дурӯғ лабханд задан мехоҳад, вале наметавонад. Ӯро фаромӯш мекунад. Муктафӣ бо вузаро меоянд. Валиаҳд ба назди Бадр меравад ва бо овози паст, ки мабодо ба роҳату оромиши амиралмӯъминин халал ворид карда бошад, мегӯяд:

  • Дӯсти мо Амри Лайс чӣ ҳоле дорад? Умедворам барояш музоҳимате ба вуҷуд намеёваранд?

Бадр: Ҳолу аҳволи Амри Лайс хуб аст.

Муктафӣ: Аз мо ба ӯ салом расон.

Бадр: Ба чашм.

Муктафӣ аз бари падар гузашта, мешинад. Ҳама хомӯшанд, аз баланд гап задан метарсанд. Вале амиралмӯъминин нисбат ба зиндагӣ, нисбат ба атрофиёнаш дигар безӯтино гардидааст, ба ҳоли худ шудааст. Муктафӣ ба ҷои падар калима арза мекунад: Оёте чанд қироят мекунад. Чашмони халифа ба сақфи Сурайё духта мешаванд, анголакаш меафтад, бе ҳеҷ монеае ҷон аз баданаш раҳо мегардад, ҳозиринро дар ғафлат мегузорад. Муктафӣ бо харос чашмони ранҷкашидаву фурӯрафтаи ҳабдаҳум халифаи муслиминро аз оли Аббос барои абад мепӯшад. Манаҳашро мебандад. Тарашро хушк мекунанд. Баъди ин тадорукот марги халифаи муслимин, амиралмӯъминин Абдуллоҳ биннал-Имом Абилаббос ал-Мӯътазид биллоҳро эълом карданд. Бадр аз ин фурсати мувофиқ истифода бурда бо чанд сарбоз ба зиндон рафт. Амри Лайс беҳолу ранҷур хобида буд. Аз омадани гуломи гулом бедор нашуд.

Бадр: Ӯро бедор кунед!

Сарбозҳо ба хорӣ Амри Лайсро бедор мекунанд. Ӯ дар баробари худ Бадри изтиробзадаву ҳаросонро мебинад, лабханд мезанад: кори чунин хоҷае ба дасти чунин бандае афтодааст! Дунёи буқаламун! Агар ҳар соҳибватане ба мисли ин беватанон умраш мабзули талошу ҷиҳод мебуд!?

Бадр: Амиралмӯъминин пеш аз фармон ёфтан, фармо-ни...

Дигар барои Амри Лайс рӯшан шуда буд, ки чаро ин гулом, агар фармон ёфта бошад, чунин изтиробиву ҳаросон

пешина
аз 675
навбатӣ