Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Сафӣ: Амир Исмоил ба Хуросон баргаштааст...
Сулаймон: Ҳукумати Райро ба бародарзодааш Абӯсолеҳ Мансур ибни Исҳоқ бахшидааст. Ин амал аз ҷониби ӯ худсарӣ маҳсуб мешавад.
Муктафӣ: Аз душманӣ бо ӯ иҷтиноб мебояд варзид. Ӯ дигар амири Мовароуннаҳр нест. Ӯ дар қаламрави шарқии хилофат миёни мардум аз маҳбубияти хосае бархурдор мебошад. Шояд ин маҳбубиятро фақат Абумуслим молик буду бас! Дар ин амр ӯ мадюни фазилату кордонӣ ва адолату диндории хеш мебошад. Ва сониян дар ин хитта аз хилофат ӯ ба худ рақибе надорад. Ва хушбахтии мост, ки ӯ ба мисли умарои саффорӣ исёнгару саркаш нест.
Сулаймон: Дар ин масъала сиёсати амиралмӯъминин басо самарабахш аст: Душманро бо дӯсти дохилӣ аз байн бурдан!
Муктафӣ: Иншоаллоҳ, мо ин сиёсати хирадмандонаро низ ба ирс хоҳем гирифт.
Вале Бадри ходим ором надошт. Имрӯз бори дуввум буд, ки ба зиндон назди Амри Лайс мерафт.
Бадр: Ту хурсандӣ макун, ки умри Мӯътазид биллоҳ ба охир расидааст. Агар як нафас боқӣ бошад, ризояти ӯро хоҳам гирифт. Ту ҳаргиз рӯзи рӯшанро нахоҳӣ дид!
Амри Лайс фақат бо тамасхӯр сӯяш лабханд зад. Ӯ аз гуруснагиву ташнагӣ бемадор шуда буд ва дар вуҷудаш он қадар қуввае пайдо карда натавонист, ки ба сару рӯйи ин хабис туф кунад. Фақат нимғурма гуфт:
- Ту дигар пир шудаӣ... ба дарди касе намехӯрӣ... беҳуда талош мекунӣ... Вале ман... - нафасаш дар гулӯяш дармонд, натавонист суханашро ба поён расонад. Вале Бадри ғулом медонист, ки Амри Лайс чӣ гуфтан мехоҳад. Ӯ ҳанӯз барвақт ба забони мустаории Амри Лайс ошно шуда буд. Аз ин рӯ, давоми танзу таъни ӯро нашунида, ба хашм аз наздаш баромада, рост ба кохи Сурайё назди халифаи фалаҷ рафт. Халифаро, агар табибро истисно кунем, дигар ба ҳоли худ тани танҳо гузошта буданд. Ӯ дигар метавонист хабарҳои номатлубро гуфта, хашми халифаро биёварад ва ҳукми эъдоми ӯро ҳосил кунад.
Бадр: Бозмондагони саффорӣ алами исён алайҳи хилофат баланд кардаанд. Тоҳир ибни Муҳаммади Лайс бо тарафдоронаш ба Форс омадааст.
Халифа беэътиноёна ба Бадр менигарад; ҳоли гарибе

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо