Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ҳанӯз як Исмоил кам аст!..
Ҳанӯз як Муҳаммади Розӣ кам аст, ки зиндагии беморгунаи башарро шифо бахшад!..
Ҳанӯз Баҳроми Варҷованд бо пайгоми мавъуд наёмадааст!..
Ҳанӯз башар ба бероҳа меравад!..
Ҳанӯз башарро ба бероҳа мебаранд!..
Ҳанӯз башар ба зулмати ваҳм фурӯ меравад!
Мурлиспанд!!!
БАҒДОД
Қасри Сурайё ғамзада менамуд. Гӯё пои зиндагӣ дар ин нуқта аз хилофат қатъ гардида бошад. Амиралмӯъминин Мӯътазид биллоҳ билкул фалаҷ шуда буд ва охирин лаҳзаҳои зиндагии хешро мегузаронд! Бемории лоилоҷи ӯ барои густариш ёфтани талошҳову муборизаҳои пинҳон баҳона медод. Дигар ҳама вонамудсозиҳо бозӣ буд, барои фиреби назар буд! Бадри ходим дигар дил аз халифа шуста даст ба домани Софии хуррамиву Қосим ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон зада буд. Муктафӣ биллоҳ баъди марги падар Амри Лайсро озод хоҳад кард, зеро аз ӯ басо туҳфаҳову хубиҳо дидааст. Он рӯз аст, ки марги Бадри ходим фаро хоҳад расид. Вале ишон дар фикри Амри Лайси Саффорӣ нестанд. Ӯро фаромӯш кардаанд. Ин Бадри ғулом аст, ки як лаҳза аз фикри ӯ озод нест, ҳар замон ба дидораш меравад, то ӯро хору залилтар гардонад, дар ташнагиву гуруснагӣ ба ҳалокат бирасонад... Чаро ӯ, яъне Бадри Кабир наметавонад бар ҷои Муктафӣ бародараш Ҷаъфарро ба сарир бирасонад, то аз шарри Амри Лайс бираҳад?! Ҳанӯз ки Мӯътазид биллоҳ намурда... Муктафӣ биллоҳ умури хилофатро ба даст гирифтааст. Пинҳонӣ бо вузарои падар дар умури давлат машварат мекунад.
Муктафӣ: Исёни Муҳаммади Ҳорун дар Табаристону Рай чӣ шуд?
Сулаймон: Аз ҷониби амир Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ паҳш гардид, вале ҳанӯз оташи ташнагии Муҳаммади Ҳорун фурӯ наистодааст. Ӯ дигар ба алавиёни Дайламу Гелон паноҳ бурдааст.
Муктафӣ: Умед аст, ки амир Исмоил шарри ӯро кифоят мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо