Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

биллоҳ дар оташи хашму ғазаб алангӣ гирифтааст!

Муктафӣ: Ӯро бо қабеҳтарин ваҷҳ баҳри ибрати дигарон дар миёни мардуми Бағдод кушед!..

Сулаймон: Фармони амиралмӯъминин аҷулона аст, ки оқибати хубе нахоҳад дошт. Шояд боиси шӯридани атрок шавад.

Муктафӣ: Чаро аз оқибати шумаш намеандешед! Ин абулҳавлҳои озро мо худ сохтаем. Минбаъд ҳамчунин хоҳад шуд! Ҳар гуломе, гуломзодае агар бар хоҷаи хеш даст мебардорад, ё бар хоҷаи хеш осӣ мешавад ва ё бидуни фармоишоти хоҷаи хеш амал мекунад, чунин кайфар хоҳад шуд!

Ва Бадри “Кабир”-ро дар паси шутуре баста дар шаҳр мекашонанд. Шутури масту дукӯҳонае, ки бар он Амри Лайсро мегардонданд, имрӯз рам хӯрдаву тозон аст, гурезон аст.

Ва корвони ҳадоёи амиралмӯъминин Абумуҳаммад Муктафӣ биллоҳ аз Бағдод баромада раҳ ба сӯйи Хуросон гирифтааст. Ӯ дар дил бим аз саркашии наводаи Амри Лайс дорад.

Ва амир Исмоил ибни Аҳмад Райро ба қасди Бухоро тарк гуфтааст. Дигар ҳама роҳҳо дар Бухоро қатъ мешаванд. Дигар Бухоро нофи замин аст! Поянда пойтахт монӣ, эй Бухоро!..

БОЗГАШТ

Амир Исмоил дар Нишобур аз шунидани хабари марги халифа Муътазид ва қатли Амри Лайси Саффорӣ сахт андӯҳгин шуд. Ва ҳамон соат номаи хашмолуде ба Тоҳир ибни Муҳаммад ибни Амри Лайс навишт: “Шунидам, ки исён кардаӣ ва ҷониби Форс лашкар кашидаӣ ва аз Аҳвоз тарафдоронатро фаро хондаӣ, то давлати саффориро таҷдид намоӣ? Ҳон, эй писар, ба такаллуб рафтаӣ! Агар даъвӣ дошта бошӣ, ки бо ҷаддат чунону чунин рафтор карданд, мардумфиребист, аз сари хумор аст. Ту ҳанӯз болиг аз кафтарбозӣ нашудаӣ. Агар чунин ҷигари мардӣ доштӣ, ба рӯзи майдонороӣ куҷо будӣ?! Амри Лайс дар майдон танҳо монда буд, аз дасти чоқаронаш ба ғорат рафта буд. Аз ту мепурсам, эй писари Муҳаммад, он рӯз куҷо будед?! Он рӯз рӯзи даъво, рӯзи поймардӣ, рӯзи далерию номус буд!

пешина
аз 675
навбатӣ