Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ва ҳасудон муттафиқ ва аз иродатмандони доии Дайламон буд, бо худ ба Табаристон оварданд. Муҳаммад ибни Ҳоруни Сарахсӣ то ба ҳол аз ибтикор кардан алайҳи хоҷаи хеш амир Исмоил тардид дошт. Ӯ қудрати ҷангии амири Сомониро нек медонист.
Ибни Чустон: Вале имрӯз вазъият ба манфиати мо кор мекунад. Амир Исмоил Амри Лайсро бо роҳи Сиистон ба Бағдод фиристодааст. Тоҳир ибни Муҳаммад ибни Амри Лайс ҷадди хешро раҳо хоҳад кард. Ин маънии онро дорад, ки Саффориён алайҳи Аббосиён алам хоҳанд бардошт. Ин фурсати муносиб аст, ки мо Райро аз ҳузури шабушкхорҳои халифа пок созем.
Ҳорун: Қиём кардан алайҳи хулафо ба масобаи исён кардан бар зидди худост!...
Чустон: Ин хулафо ҳукумати худо ба тақаллуб гирифтаанд ва то ба ҳол зулм бар аҳли байт раво медоранд. Магар ин куфру исён нест?! Дой Носири Кабир бо мост. Хилофат бар ҳақ ҷои ишон аст. Ва сониян ҳукумат кардани чанд ғуломи турк бар кишвари мо магар иҳонат нест?!
Бузурги Розӣ: Мардуми вилояти Рай аз зулми ин ғуломи манфуруламал ба сутӯҳ омадаанд. Ӯ ба мисли Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф саффок аст. Дигар, ки Абуубайдуллоҳ Муҳаммади Афшин ибни Абисоҷ аз ҳокимияти Озарбодагон маълум ва ба фармондори Арманистон мансуб шудааст. Аз ин интисоб бародараш Юсуф ва писараш Девдод розӣ нестанд. Ин омилҳо ҳама ба манфиати мост. Ва мардуми Рай умедворанд, ки ҳокими Табаристон иқдом намоянд ва бар ишон роҳбарӣ кунанд.
Ҳорун: Ман аз осӣ шудан бар фотеҳи Хуросон бим дорам.
Чустон: Омили Табаристон алайҳи хилофат қиём мекунад, на бар амирам Сомонӣ... Дигар ин, ки алавиёни Табарипону Гургон, Дайламу Гелон аз аввал дар мухолифат бо хилофати аббосиҳо буданд. Аз ин рӯ шумо ҳамчун ҳокими ин манотиқ амал мекунед. Барои ин фақат ҷомаи муслимиро иваз бояд кард.
Ҳорун: Чӣ сон кори осон аст! - Худро ба хандидан маҷбур месозад, вале дар рафти хандаҳо ба худ авзои ҷиддӣ мегирад. - Дигар риёкорона азо гирифтан бас аст. Дигар ҷомаҳои сафед дар хуни бани Ҳошим мебояд гулгуна сохт. Ва ҷомаи сиёҳро аз тан бадар карда сӯйи пойгоҳ мепартояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо