Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аш нас: Бемор тавони бардошти сафарро доранд?

Пизишк: Мутлақо мумкин нест. Беморӣ сахт хуруҷ карданаш аз эҳтимол дур нест. Ба қамаш як ҳафта сабр карданашон зарур аст, то бемор рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Аш нас (бо Ҳафс ибни Умар рӯ меоварад): Шумо чӣ кор мекунед?

Ҳафс ибни Умар: Тасмим гирифтам, ки то беҳбуд ёфтани бемор бо шумо бимонам. Дар бозгашт аз ман чигунагии роҳро бозпурсӣ хоҳанд кард. Ман ҳам бояд мутмаин бошам, ки шумо бе ҳеҷ дарди саре ба роҳи худ идома додаед.

Аш нас: Узр мехоҳам, маъмуриятам тақозо мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошам. Агар аз ман гузашта бошад аз хоҷа узр мепурсам.

Ҳафс ибни Умар: Мефаҳмам. Ҷои шумо ҳар каси дигар ҳам ҳамчунин рафтор мекард.

Пизишк: Ман боз фардо меоям.

Онҳо баромада мераванд. Нигоҳи Амри Лайс дар Ҳафс ибни Умар раҳ мебандад.

Ва рӯзҳо ба каҳолат мегузаранд ва қасолати Амри Лайсро ваҳимтар месозанд, вале ҳеҷ нест, ки аз ҷониби Заранҷ касе ба суроғашон ояд.

Ва ҳафтаҳо мегузаранд, вале интизории Амри Лайс аз раҳоияш беҳуда мешавад ҳеҷ кас ба ёди ӯ нест. Алҳақ, бахт аз ӯ рӯ гардондааст. Дигар ба сарнавишти талхи хеш тан дардодааст. Дигар аз нолиш мондааст. Дигар аз ҳарф мондааст. Дигар аз ҳама дунё безор шудааст. Ӯ дигар на дидан мехоҳду на шунидан. Ӯ дигар дар ин дунё ба касе аркор нест! Тамоми зиндагияш беҳуда буд, абас буд. Нақши рӯйи рег буд!. Ӯ дигар намехост на барои охирин бор ба сӯйи Заранҷ бингарад, на бо Ҳафс ибни Умар видоъ кунад. Ӯ дигар муҷассамаи марги хостҳои худ шуда буд.

Роҳ дигар азоб надошт...

Бод дигар сард набуд...

Офтоб дигар намесӯзонд...

Хилқати худованд фақат як бозии худнамоӣ буд...

Худоё, худованд о, чаро ин бозӣ бадин сон бераҳмона аст!...

ТАБАРИСТОН

Бузургони Рай ин бор Ибни Ҷустонро, ки ба Носир Кабир

пешина
аз 675
навбатӣ