Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ки шоҳам ба ӯ умеди наҷот медиҳанд?
Абуюсуф: Ӯ дигар он Амр нест.
Амир Исмоил: Чун?
Абуюсуф: Чунунаш фурӯ нишастааст. Дигар як марди бурдбору ботавозӯъ гардидааст. Беҳуда шоҳам бовар накарданд.
Амир Исмоил: Оё бародари мо боре шуда, ки ба чашми шери қафас нигоҳ карда бошанд? Гургҳоро дар чорбоғи Самарқанд мушоҳида кардаед? Онҳо дар бари шер меситоданд.
Абуюсуф: Эътибор надодаам.
Амир Исмоил: Афсӯс.
Аҳмад ибни Наср: Хеле лоғар шудаанд.
Амир Исмоил: Ҳанӯз оҳу озодона мечарад.
Аҳмад ибни Наср: Оре, вале пир шудааст.
Абуюсуф: Муроди шоҳамро намефаҳмам.
Амир Исмоил: Фаҳмидани мушоҳидакории бародарамон, аҷиб ҳолатест. Даруни чорбоғ ҳеҷ кадоме аз онҳо озод нест. Шеру гургҳо дар қафас ва оҳу даруни девор асиранд ва озодии ҳар кадом нисбист. Ва тасаввури, ҳамчунин фарз мекунем, ҳар кадоме аз онҳо дар хусуси озодӣ тавофут дорад. Оҳуву гургҳо бим аз шер доранд ва шер аз шербон. Тасаввури ин ду аз озодӣ дур будан аз назди шер аст. Шер орзуи ҷангал мекунад. Ниёзи онҳо фақат ин озодӣ аст. Раҳо шудан? Агар онҳоро дар як замон раҳо созем ин тафриқаи тасаввур аз озодиро мушоҳида хоҳем намуд. Онҳо дар ин вазъашон фақат як ниёз доранд: раҳо ёфтан! Ва ҳол он ки беруни ин чорбоғ ҳар кадоме барои дигаре хатар эҷод мекунад. Оё барои онҳо даруни чорбоғ будан беҳтару амнтар нест?! Маълум аст. Вале онҳо асири ғариза ҳастанд. Онҳо дар чорбоғ аз даст наёфтан ба ғаризаашон гирди қафасҳои хеш мечарханд ва ба назар шафқатангез менамоянд. Дар аввал чунин ба назар менамояд, он чи намоёнандаи офариниш ё ҳилқат аст, инсон ғариза надорад, зеро нотиқа аст, андешаманд аст, ин афзалияти ӯст. Ин хулоса аз моҳияти ҳилқати инсон аст, ки бояд ҳамчунин буда бошад. Вале чунин нест. Инсон бар ғаризаи будан тасаллут наёфтааст, нафси хешро маҳор назадаст. Баръакс, фазилати андешиданро ҳамчу абзоре дар дасти нафс, ки худ ғаризаи инсон аст, қарор додааст. Вақте ақл ҳамчун абзор дар дасти нафс қарор мегирад, ба бадтарин

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо