Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

василаи ваҳшат табдил меёбад. Ҳеҷ муслиҳе натавонист ин маҳоргусехтаро ба ислоҳ оварад. Боз бародари мо мехоҳанд, ки ман бовар кунам! Тарбиятдидатарин инсонҳо натавонистанд ислоҳ бишаванд, балки хатарноктарин гардидаанд, зеро дубуна амал мекунанд. Ба ҳамеша як бунаашро пинҳон медоранд. Ҳатто муслиҳин, бо истиснои як нафар, он ҳам ба тардид, дубунаанд. Фақат Худованд бедареғ бахшанда аст, ба як амр ҷаҳонҳоро саршор месозад, бениёз аст, вале ниёзҳоро бароварда мекунад. Фақат Худованд аз худ ҷӯянда аст, бедареғ бахшандаву шоранда аст, мисли дарё, мисли ҷангал, мисли замин... Фақат инсон аст, ки қаноатманд нест! Дар баробари хостҳояш қонеъ нест. Ва хостҳояш поён надорад. Оташро бетаскин аст. Ин ташнагӣ ба андозаест, ки тасарруф ба мулки Худованд мекунад. Ва боз фақат Худованд аст, ки ӯро ноумед намекунад. Тирашро рангин мегардонад. Қоруну Ҳотам як нафаранд... Дигар барои Худованд таваккул мекунем. Ҳамааш дар дасти ӯст. Дар ҳаққи Амри Лайс: ин хоҷаташро низ бароварда хоҳем сохт. Ба Ашнаси ходим бифармоед фардо ба роҳ бароянд. Бо роҳи Сиистон. Иддаи каме аз сарбозонро бо ӯ ҳамроҳ кунед. Ӯ бояд мақсади моро нафаҳмад. Ба ӯ фаҳмонед, ки роҳи Хуросон амн нест. Ҳорун ҷомаи сафед пӯшидааст...

Ҳамагони чопӯси Муҳаммади Нӯҳ ба тааҷҷуб менигаранд. Вале ӯ аз он чӣ амир Исмоил дар хусуси осигии Муҳаммади Ҳорун гуфт, хабар надошт. Шояд. Он чиро ки шоҳон медонанд, дигарон бехабар мемонанд. Алалхусус агар он шоҳ боз Исмоил бошад. Ӯ ба ҷониби шоҳ менигарад. Амир Исмоил бо лабханде малеҳ сӯяш чашмак мезанад. Шоҳон ишва намефурӯшанд, балки гӯл мезананд, дигаронро дар як ҳолати ногувору номуайяне мегузоранд. Абуюсуф Яъқуб, Аҳмад ибни Наср ва Абулфазл боз ҷониби шоҳ менигаранд. Аз он табассуми малеҳу гӯлзананда дар чеҳраи шоҳ осоре намонда буд. Ишон аз вазъи шоҳу вазири барид чизе нафаҳмиданд, ва бояд ҳамчунин ҳам буда бошад.

Амир Исмоил: Ҳанӯз қафаси чорбоғи кушк холӣ аст?
Аҳмад ибни Наср: Оре, шоҳам.
Амир Исмоил: Вақте чизе барои иқтизояш истифода намешавад, аз он ҷо бӯйи харобӣ меояд. Он қафас бо шер обод аст ва дар якҷоягӣ бо гургҳову оҳуву девор манзараи чорбоғро комил мегардонад. Кӯҳсорони шумо пур аз

пешина
аз 675
навбатӣ