Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ҳоҷате дорад, бихоҳад.
Амри Лайс: Ба шоҳам бирасонед, ки фарзандони маро некӯ доранд ва ба ин касоне, ки маро мебаранд васият кунанд, ки эҳтироми маро ба ҷой оваранд.
Муҳаммади Нӯҳ: Ман ҳоҷати шуморо ба шоҳам мерасонам. Паноҳи шумо ба Худо бод! — ва меравад. Дар дили Амри Лайс умеде пайдо мешавад. Ва ба тарафи Ҳафс ибни Умар лабханд мезанад. Рафтори наводогонашро дар ҷавоби дархостҳояш фаромӯш мекунад. Ва кинаҳо аз сина бурун мерезад ва ба Ҳафс ибни Умар мегӯяд:
- Яку бори дигар .... — Вале Ҳафс ибни Умар хомӯш мемонад. Ӯ бовар надорад. Боз Худо медонад. -Дигар бо диле осуда ва хотире ҷамъ шодӣ мебояд кард. Мусиқӣ! Ноҳиди навогарро ба маҷлиси мо фуруд оваред! Олам ҳама пур аз бонги наҷот гардидааст! Ноҳиди чангзанро фуруд ор, эй муғаннӣ!..
Тасвирҳо дар деворҳо ба рақс меоянд.
ҚАСРИ ШОҲӢ
Муҳаммади Нӯҳ аз назди Амри Лайс меомад. Боргоҳ аз рафтуо, даро-барои умарову вузаро майдони Регистонро мемонд. Ҳар кас маъмурияти хешро иҷро мекард.
Амир Исмоил бо Абуюсуф Яъқуб, бародарзодааш Аҳмад ибни Наср ва Хоҷаи Бузург танҳо ба танҳо монда буданд ва ҳамин лаҳзаҳо буд, ки Муҳаммади Нӯҳ ворид гардид. Амир Исмоил ба пешвозаш аз ҷой бархост.
Амир Исмоил: Ӯ чун буд?!
Муҳаммади Нӯҳ: Дар аввал беэътино ва дилсард менамуд, вале бо шунидани пайгоми шоҳам қаноатманд гардид.
Амир Исмоил: Ҳоҷаташ чист?
Муҳаммади Нӯҳ: Ӯ аз шоҳам таманно дорад, ки фарзандонашро некӯ доранд, ва ба барандагонаш бифармоянд, ки эҳтиромашро ба ҷой оваранд ва некӯш доранд.
Амир Исмоил: Боз чӣ?
Муҳаммади Нӯҳ: Ҳамин шоҳам.
Амир Исмоил: Фақат ҳамин?
Муҳаммади Нӯҳ: Оре, фақат ҳамин, шоҳам.
Хоҷаи Бузург: Магар барои як марди асир ин кофӣ нест,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо