Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
чизе мегӯяд. Ӯ саросема бадар меравад. Мусиқӣ хомӯш мегардад. Амри Лайс ду чашм ба дар интизор мемонад. Шоҳи Хуросон меояд! Вале ғайри чашмдошти ӯ аз дар Муҳаммади Нӯҳ ворид мешавад. Ҳозирин ба истиқболи ӯ аз ҷой мехезанд.
Муҳаммади Нӯҳ: Шоҳи Хуросон ба Амри Лайс дуруд мефиристанд ва вуруди ҷанобашонро ба Бухоро хайрамақдам мегӯянд.
Амри Лайс хост аз вазири барид бипурсад, ки чаро амир Исмоил худ ба мулоқоти ӯ наёмадааст, вале аз нияташ баргашт ва онро беҳуда ангошт.
Амри Лайс: Давлати шоҳам дар паноҳи додори додгар поянда бод!
Муҳаммади Нӯҳ: Шоҳам дирӯз аз амиралмӯъминин Абдуллоҳ бинал-Имом Абилаббос ал-Мӯътазид биллоҳ нома дарёфт намуданд.
Амри Лайс: Умедворам, ки шоҳам маншури аморати Хуросону Гургон ва Табаристонро гирифтаанд?
Муҳаммади Нӯҳ: Амиралмӯъминин дар номаш шуморо дархост намудааст.
Амри Лайс: Иддаои худи мо низ ҳамин буд.
Муҳаммади Нӯҳ: Баъди дарёфти ин нома шоҳам хеле андӯҳгин гардидаанд, ки набоястӣ Амри Лайс ба дасти мо гирифтор мешуд ва чун гирифтор шуд, ҷавонмардӣ нахоҳад буд, ки ӯро ба Бағдод бифиристем.
Амри Лайс: Таманнои мо аз шоҳам буд, ки моро таслими Бағдод кунанд. Ман намехоҳам, ки ин амри халифа боиси нороҳатии хотири шоҳам бошад. Аз қазо ҳамчунин рафта будааст.
Муҳаммади Нӯҳ: Шоҳам намехоҳанд, ки заволи давлати шумо ба дасти ишон бошад. Аз ин рӯ мехоҳанд хилофи амиралмӯъминин шуморо бо иддаи сарбозон бо роҳи Сиистон фиристанд. Бинобар ин мефармоянд: “Ҷаҳд кун, то касе аз ҳавохоҳонат биёяд ва туро аз дасти ин сарбозон бистонад, то маро узр бошад...”
Амри Лайс: Ин амр ҳатмист?
Муҳаммади Нӯҳ: Бале.
Амри Лайс: Ман намехостам барои шоҳам дарди саре эҷод намоям. Ман медонам, ки Мӯътазид маккор ва кинатӯз аст. Агар шоҳам чунин мехоҳанд, пас далел доранд.
Муҳаммади Нӯҳ: Шоҳам мефармоянд: Агар Амри Лайс

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо