Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кадомин хушбахттарин тане буруз хоҳанд кард?! Чун шоранда обҳо мусаффо, вазанда чун сабуктарин насимҳо, боланда чун оташҳои пок! Худоё, худовандо, дар чунин дунёи девгуна зуллом чандин покиву рӯшанӣ! Ин фақат мӯъҷизи туст. Фақат ту қодирӣ, эй Яктои беҳамто! Эй кош метавонистам бо болҳои шикастаи хеш дунболаи ишон бигирам. Эй ангезонанда бар некиҳову покиҳо, мӯъҷизи туро гӯл мезананд, худогун туро ба сӯи девгунагӣ суқ медиҳанд.

“...-поёни зиндагии онҳо пушаймониву оҳу афсӯс хоҳад буд... Ҳастибахши якто ва аз ҳама чиз огоҳро натавон фирефтан...”

Аз забони Амир Исмоил беихтиёр каломи ба қадимат сеҳазорсола садо медиҳад, балки лабҳои то ба ҳол хомӯшу ба ҳам часпидаашро кафонда, начво мекунад.

-Ат хурушиё ҳит мӯй мараут сипентутаму.. - Амир Исмоил аз ин садои пуроҳанг, ки гӯё аз фаросӯйи ин ҷаҳон дар забонаш ҷорӣ шуда шуда буд, ба ҳарос афтод ва саропои вучудаш ларзид.

Амир Исмоил: Касе дигар аз забони ман, ба ҷои ман мантра мехонд! Шумо шунидед?

Касе аз ҳайрат чизе гуфтан натавонист. Онҳо низ на камтар аз амири хеш музтариб монда буданд. Ин калому оҳанги қадим бароишон ошно буд, бе тарҷума фаҳмо буд... “Эдун аз суханоне, ки аз сӯйи парвардигор ба ман илҳом шудааст, гуфтугӯ хоҳам кард...” Онҳо ба тааҷҷуби афзун интизор буданд. Ин лаҳзаҳо аз ҳангоматалабони бозорӣ фарке надоштанд. Вале амир Исмоил аз поёни номаълуми ин ҳодиса бим кард.

Амир Исмоил: Маро танҳо гузоред!

Умаро шитобзадаву ҳароснок боргоҳро тарк карданд. Ва амир Исмоил дар худ маҷоли гуфтани “Хаста шудаам”-ро наёфт ва пушташро бар тахт такия дод. Ин каломе аз забон ва ё берун аз ихтиёраш, бо иродаи дигаре садо дод, бароиш ошно буд. Ӯ онро борҳо шунида буд. Дар китобхонаи Самарқанд. Аз забони китобдори пир... Дигар на садое буду на соя. Тасвирҳо дар деворҳо аз калом афтида. Дигар ин сарҳои бетани тасвирҳо мантра намехонданд. Ман танҳо мондаам, худоё ин дугонагӣ дар андешаи ман чист? Ва ё ҳанӯз имони ман комил нашудааст. Ва ё ҳанӯз Ҷамшед даруни ман исён мекунад. Ва ё ман ҳам ба мисли ӯ барои пазириши навин омода нашудаам?! Ҳар чи метавонад,

пешина
аз 675
навбатӣ