Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
аст.
- Барояш ҷойгоҳе шоиста муҳайё созед. Ӯ назди мо асир нест!
Онҳо аз ҳуҷра бадар шуда, аз толорҳо гузашта ба боргоҳ мераванд. Амир Исмоил тайи роҳ дар хусуси Амри Лайс меандешид, вале ба натиҷае намерасид. Расули Бағдод ҳатман ба талаби ӯ омадааст. Агар ӯ худ нахоҳад... худкардаро даво нест...
Умаро ҷамъ омада буданд.
Деворнигораҳои толори боргоҳ гӯё ҳаёт ёфта буданд. Ҳаракат мекарданд, меҷунбиданд, балки ҷунбуҷӯш доштанд. Пирмарди нуронӣ, ки тамоми шаб амир Исмоил бо ӯ суҳбат дошт, ҳанӯз сухан мекард. Ва суханони ӯ чунон гироваю рӯшан буд, ки ӯро дар бедории хеш ба иштибоҳ меовард. Ӯ бо оҳистагӣ аз байни сутунҳои мунаққаш гузашта ба умарои дарбор ба имтиҳон менигарист. Оё онҳо низ ин каломро мешунаванд? Вале дар ваҷоҳаташон чизе ки намудоркунандаи ин ҳол бошад мушоҳида намешуд. Аз хилоли лабҳои ҷовидона сокиту беҳаракати пирмард суханҳо чун оби равону гуворо фаввора мезаданд:
“— Эй касоне, ки аз дуру наздик барои огоҳ шудан омадаед, ман акнун бароятон сухан хоҳам гуфт. Гӯш фаро диҳед ва бишнавед ҳақиқати рӯшанеро, ки ба шумо меомӯзам. Бодиққат ба хотир биспаред, мабодо бори дигар омӯзгори бадхоҳ зиндагонии мардумро табоҳ созад ва дурӯғпараст бо қачомӯзии хеш ононро гумроҳ намояд..."
Амир Исмоил пеш аз он ки бар тахт нишинад, бори дигар баргашта ба умаро менигарад. Онҳо ҳанӯз хомӯшанд ва интизори фармоишоти ӯ ҳастанд. Вале ӯ ба таъкидҳое, ки аз хилоли девори боргоҳ мешоранд гӯш фаро додааст.
“— Акнун дар бораи ду минӯ ё ду гавҳар, ки дар оғози зиндагонӣ вуҷуд доштаанд, сухан хоҳам гуфт. Аз ин ду гавҳар он яке ки поку муқаддас буд ба ҳамзоди хеш гавҳари палид чунин гуфт: Ҳеҷ гоҳ андешаву омӯзиш ва иродаву имон ва гуфтору кирдору виҷдони мо бо якдигар созиш надошта ва аз ҳам ҷудо ҳастанд..."
Ва чун тифлаконе фариштахӯ дар миёни толор, байни сутунҳои мунаққаши мармарин пароканда мешуданд, ба ҳар тараф мегурехтанд, нопадид мегардиданд. Суханҳое ки бар боли фариштагон парвоз мекарданд. Эй хушо ба ҳоли он тифлаконе ки ба чунин сурат ҳаст меёбанд! Инон аз ҷисми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо