Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

урён мондан худро аз дарун пашшаҳову фасодҳо ба соҳили рӯди Арванд мекашад.

Ва дар фаросуйи Арванд сари бетани Яҳё ҳанӯз бар шохаи сарве месӯхт. Бегумон ин ҳамон сарвест, ки писари Тоҳир ба буриданаш амр карда буд. Онҳо якҷо, ҳамтан месӯхтанд.

Ва аспи сафед аз бими шере гирд бар гирди он медавид, мегурехт. Пушти асп холӣ буд, саворе надошт. Аз қазо асп ба суръати бод аз ин ҳалқаи гирдгардон раҳо мешавад ва ба сӯйи тулӯи хуршед фирор мекунад. Бегумон бӯйи соҳибашро аз хилоли бӯйҳои гандида мешамаду ташхис медиҳад, мешиносад. Худоё ӯро бе газанд ба соҳибаш бирасон!..

Ва амир Исмоил чун афсунгарони бағдодӣ, чун Синдбоди дарёгард аз болои рӯди азими Арванд Исовор мегузарад, дунболи аспи сафеди хеш меравад. Ва аз шаҳри пуртаафун ба гӯшаш садое ҳамчун наҷвои пур аз умед мерасад: Худоё, худовандо ин манзилро ба соҳибаш бирасон!...

Ин садоҳои фаросӯй ӯро чолоктар, тезгомтар мегардонанд.

Дари ҳуҷраи намозгити амир Исмоил ба садое нолон боз мегардад ва ҳоҷибсолори бузурги даргоҳ ворид мешавад. Амир Исмоил аз ҷойнамози хеш мехезад. Нури хуршед сари шохсоронро заррин гардонда буд. Ҳоҷиб панҷараҳоро, ки ба сӯйи чорбоғ менигаристанд, боз мекунад.

Амир Исмоил: Ин чӣ бӯйи фасод аст, ки аз қаср меояд?

Ҳоҷиб ҳайрон китф дар ҳам мекашад ва беҷуръатона бо тарс ҳавои ҳуҷраро бо садои шунаво мешамад.

Ҳоҷиб: Шоҳам, бӯе ба машоми ман намерасад.

Амир Исмоил: Панҷ бор бояд таҳорат кард, дар ҳафт қадам, бояд даст шуст!..

Амир Исмоил ҳанӯз дар тасарруфи рӯъёи хеш буд, вале ҳоҷиб аз қазия бехабар чӣ гуфтану чӣ карданашро дигар намедонист. Амир дилтангона ба сӯяш нигарист. Чӣ зарурате дар ин субҳи барвақт ҳоҷибро ба ҳуҷраи ӯ овардааст? Ҳоҷиб беҷуръатона сухан оғоз мекунад.

  • Аз Бағдод расуле омадааст ва бор мехоҳад.

  • Ашнаси ғулом?

  • Магар кораш таъҷилист, ки ...Аз Самарқанд чӣ хабар?

  • Амри Лайс ба Ромитан расидааст ва интизори фармоиши

пешина
аз 675
навбатӣ