Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
-Ҳеҷ.
Ва ӯро ба сӯйи корвонсарой бо ачала мебурданд. Шаҳр дар ҳақиқат бӯйи ганди мурдаҳо мекард ва аз ҳар тараф боли саргардон бӯйи фасод меовард. Аз зиёдии пашша даҳону кушодану ҳарф задан ва ё бо бинӣ сахт нафас кашидан намешуд. Бими он дошт, ки бар замири одам ворид шаванду касро аз дарун холӣ кунанд. Бозори пашшаҳо!
-Ин чӣ шаҳр аст? - ба тарс мепурсад амир Исмоил.
-Оё тағйир кардааст? - бо хушунат ҷавоб медиҳад шаҳна.
-Ман онро намешиносам. Пас тағйир кардааст.
-Ин Дорулхилофа аст!
-Яъне Бағдод? Ман аспамро ба Тайсафун гузошта будам.
-Ту моро масқара мекунӣ, эй аҷамӣ?
-Ман ба рост мегӯям.
-Бо вуҷуди он ки маволӣ аст, боз девона ҳам будааст. Ва ё мехоҳад худро ҳамчунон намоёнад, моро гӯл занад. Аз инҳо эҳтиёт бояд кард. Макри ишон поён надорад. Магар инҳо набуданд, ки бинни Аббосро дарди сари мо гардонданд.
Амир Исмоилро ба корвонсарой бурданд, вале аспи ӯ набуд.
-Асбатро мешиносӣ? Чун буд?
-Сафед. Ба мисли абри баҳор...
Онҳо ҳама корвонсаройҳои шаҳрро гаштанд, вале аз аспи Сафед ному нишоне наёфтанд.
-Ту дурӯғ мегӯӣ. Ҳеҷ гаҳ аспе ҳам надоштӣ, хостӣ моро гӯл бизанӣ.
-Мо дурӯғро душман медорем ва дурӯғгӯйро душмани худо медонем.
-Пас куҷост?
-Дар Тайсафун...
Шаҳна аз рӯи хашм ӯро мушти дигаре мезанад.
-Ӯро раҳо кун. Як аҷамии ҷинние будааст.
-Рӯзи мо ба умеди аспи “Сафед”-и ӯ бебаҳраву беҳосил ба абас рафт. Ман ӯро ҳамин тавр раҳо нахоҳам кард.
-Либосашро бигир.
-Киро намекунад. Вале барои ноумед нашудан ба ҳамин ҳам қаноат мекунем.
Амир Исмоилро бо либоси таг мегузоранд. Ӯ аз шармандагии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо