Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Иттифоқ беҳуда аст. Бо ворид шудани Амри Лайс Абуюсуф Яъқуб ба пешвозаш аз ҷой хест.
Абюсуф: Ман ба суроғи Абдуҷаббор бини Ҳамза одам фиристодам. Ӯ дам ба дам ҳозир мешавад.
Амри Лайс: Ман гумон намекунам, ки сӯҳбати мо ба натиҷае хоҳад расид.
Абюсуф: Ҳанӯз ноумед шудан беҳуда аст. То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст!
Амри Лайс: Шояд...
Ҳоҷиби сарой ворид мешавад.
Ҳоҷиб: Расуле аз Сиистон омадааст ва мехоҳад бо амир Амри Лайс вохӯрад.
Абӯюсуф: Хуб тадқиқ кардед, ки ӯ кист?
Ҳоҷиб: Мегӯяд, расул аз ҷониби Тоҳир ва Яъқуб аст, исмаш Ҳафс бинни Умар.
Амри Лайс: Ман ӯро мешиносам. Ӯ аз бандагони ман буд.
Абӯюсуф: Бигӯ, дарояд.
Ҳоҷиб меравад.
Амри Лайс: Ӯ ҷавоби номаи маро овардааст.
Ҳафс бинни Умар, марди сиёҳчурдаи баландболои тоҷикнаҷоде ворид мешавад ва худро бар пои Амри Лайс меафканад ва сарашро дар қадамҳои ӯ месояд. Амри Лайс мехоҳад монеи залилии ӯ бишавад, вале тамоми кӯшишаш беҳуда аст.
Ҳафс: Ман дигар ба орзуи хеш расидаам... Ҳама ниёзам аз ин зиндагӣ дубора дидани хоҷаам буд... Худоро шукр... Хоҷаро ба саломат мебинам. Ва ё ман хоб мебинам... Худоё, худованд, ин дар хоб аст ё дар бедорӣ?!
Амри Лайс: Ё Абоҳафс ором бигир... Он чунон, ки мебинӣ, ман ҳамонам ки будам. Балки осудатар аз пеш... бо ҳамон иззу ҷалол... Бубин, оё аз шавкати мо чизе костааст?..
Ҳафс бини Умар сар боло мекунад, ба ҳайрат бар Амри Лайс менигарад ва дубора бо нолаву лоба сар бар пойҳои хоҷааш мекубад.
Амри Лайс: Бигӯ, он ҷо фарзандони мо дар чӣ ҳоланд?
Ҳафс (Бо гиряву нола): Ҷойи шумо холисту сукони давлат ба дасти бод уфтода.
Абӯюсуф чашм аз Ҳафс намеканад. Абдуҷаббор бинни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё