Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Чаро боғбонҳо онҳоро хушкчинӣ намекунанд. Бародарзодааш қасрро ба ҳоли хеш гузоштааст. Ва ё ӯ ҳам аз амакаш Абоиброҳим таъсир бардоштааст, ки ба кори дунё чунин лояқил рафтор мекунад?! Ин шабушкҳои дарборро ба зӯри тозиёна бояд кор фармуд, зеро ишон хӯйи шабушк гирифтаанд....

  • Эй хоҷиб! Чаро боғро ба ҳоли худ гузоштӣ? Қаср чунин фарсудааст! Магар шуморо барои ҳамин ин ҷо нигоҳ медоранд, ки вайрон кунед? Кай ин хӯйи вайронгарӣ аз худ бадар мекунед? Шумо кай одам мешавед? Оё мешавед?

Хоҷиб бо сари афканда, хомӯш чун муҷриме меистод. Абуюсуф Яъқуб: Эй ифрит, гумон мекунам он чунон ботамиз ҳастӣ, ки ҳатто мумкин забони биҳиштиёнро низ надонӣ?! Дур шав аз назарам! Дигар бор вазъ ба чунин аҳвол бинам, аз худат домангир бош! Дур шав, ифрити палид!

Хоҷиб ба мисли саги шаллокхӯрда, вале даҳоне пур аз табассум аз толор бадар меравад. Абуюсуф боз ба назди панҷара бармегардад. Амри Лайс ба поёни боғ расида буд. Ба он ҷое, ки гургҳо хӯса буданд ва касерову чизеро бим намедоданд ва ё аз ҳайбати мунҷамиди онҳо касеву чизе дигар намеҳаросид. Ва ғизоли пире ҳанӯз беибову бебок даруни маргзор мечамид. Ва қафаси шер холӣ буд. Амри Лайс то дергоҳ назди ин қафаси мустаҳкам бимонд, гӯё чун сутунҳои он бар замин фурӯ рафта буд, ки наметавонист аз ҷой бичунбад. Шояд ин тасодуф бо маҷоз айни ҳоли ӯ буд? Гургҳое, ки дигар касеро бим намедоданд, ғизоли пире, ки бепарво мечамид ва қафасе, ки холӣ буд. Ӯ дар худ ҷуръат пайдо кард, ки вориди қафас шавад. Мустаҳкамии онро имтиҳон намуд. Сутунҳо гӯё дар замин реша давонда буданд, ба мисли дарахти пир. Ҳанӯз андаруни қафас бӯйи шер медод. Аз ин пас бӯйи Амри Лайс хоҳад гирифт! Ӯ аз ин андешаи ғамангез лабханд зад. Дигар ҳама чиз барои ӯ тамом шудааст ва ё чизҳо бароиш моҳияти хешро гум кардаанд. Ӯ бехуда умед мебандад. Абуюсуф низ ба хован об мекубад. Аз худаш гузашт. Намебоист шерро биёлуд. Ӯ дигар ин қафасро раҳо кардааст ва гумон аст, ки дигарбора ба он баргардад. Моҳӣ, ки ба дарё рехт, наҳанг мешавад.

Ӯ банди андешаҳои ғамангези хеш буд, ки хоҷиб ба суроғаш омад. Онҳо ба қаср баргаштанд. Вале Амри Лайс аз пеш медонист, ки ҳама кӯшишашон баҳри тарсими як

пешина
аз 675
навбатӣ