Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Бо ҳам хӯрок мехӯрем.
Рӯзбон хиҷолатмандона ба сарҳангҳо менигарад ва боз сар поин меорад.
Амир Исмоил: Ту хиҷолат накаш. Ишон лаҳзае шиками худро хор шудан намегузоранд. Бубин шикамашон чунон пих гирифтааст, ки ба мушкилӣ нафас мекашанд.
Хизматгорон хӯрок меоранд. Амир Исмоил ба пизишк менигарад ва ӯро бар сари дастурхон даъват менамояд.
- Бифармоед.
Пизишк: Давлати шоҳам поянда бод, ҳанӯз вақти хӯрок хӯрдани ман нарасидааст.
Амир Исмоил: Пизишки мо ба чӣ вақте хӯрок мехӯрад?
Пизишк: Ба субҳу ба аср. Ва бист сол мешавад, ки аз ғизои шомгоҳон иҷтиноб варзидаам.
Абуяъқуб Исҳоқ ба сӯйи ҳоҷиби сарой бадҳашмона менигарад. Аҳмад бинни Исмоил ба ҳайрат афтодааст. Ва мобакӣ суоломез ба ҳамдигар менигаранд: чӣ тавр шуда ки ин тавр шуда? Амир Исмоил ба мисли як сарбози бемоя гуруснагӣ мекашад! Вале касе хабар надорад.
Пизишк дубора ба амир ва ҳозирин таъзим намуда, иҷозаи рафтан мепурсад: “Бо иҷозаи Шумо...” Ва амир Исмоил ба ишорати сар ба рафтани ӯ рухсат медиҳад. Ва бо сарбоз бо иштиҳо машғули хӯрок хӯрдан мешавад.
Амир Исмоил: Ин хӯрок фақат барои ду нафар аст. Агар ҷанобон майл доранд...
САМАРҚАНД
Амри Лайси Саффорӣ бо хотири парешон, бо чеҳраи гирифта, бемуродона ба сарвақти худ, бепосбону муҳофизи даруни чорбоғи қасри амир Наср сайр мекард. Абуюсуф Яъқуб паси панҷара истода буд ва ба ӯ наззора мебурд, ҳамчунон ки бародари бузургаш Наср бар бародарзодааш Аҳмад. Дар ин чанд соли охир дарахтони боғ пир шудаанд. Замоне буд, ки онҳо бародарон ҳамроҳи падарашон ин чорбоғро бунёд ниҳода буданд. Ёдаш аст, гӯё замони зиёде нагузашта бошад, падараш навниҳолҳоро медошт ва ӯ ба бунашон хок мерехт. Падару бародараш аз ин ҷаҳон рахт барбастанд. Риши ӯ ҳам мошу биринҷ шудааст. Асари замон дар ҳама чиз, ки марбут ба ин қасру чорбоғ бошад, амиқ шудааст. Шоҳаҳои дарахтон хушкидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё