Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ҳамза номаълум вориди толор мешавад ва худро ба гӯшае мекашад. Ӯ дигар пир шудааст. Бар риши муҷҷадаш ғубори солҳо нишаста. Қомати зебояш дол гардида.
Амри Лайс: Бигӯ, ту худ чӣ ҳол дорӣ?
Ҳафс бинни Умар дилаш пур шуда буд ва ашк аз чашмонаш мерехт, ҳарф задан натавонист.
Абюсууф: Бечора... Бигзор имрӯз истироҳат кунад, ғубори роҳ бияфшонад... Аз омадани хоҷа бехабар мондаем... Ассалому алайкум хоҷа...
Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд.
Амри Лайс: Бирав, имрӯз истироҳат кун, фардо сӯҳбат хоҳем кард.
Ҳафс бинни Умар бо ҳоҷиби сарой аз толор хориҷ мешавад.
Абдуҷаббор: Ман дар хусуси корнамоиҳову футухоти хонаводаи Саффорӣ басо суханони нек шунидаам, вале имрӯз хушбахтам, ки худро дар сӯҳбати эшон мебинам. Ва барои ман ҳамчунин ногувор аст, ки амири билоди шарқии хилофатро дар чунин вазъе зиёрат менамоям. Ба ҳеҷ кадом аз шоҳони кишвари мо муяссар нашуда буд, ки хулафои аббосӣ дар ҳарамайн хутба ба номашон хонанд, магар ба номи Яъкубу Амри Лайси Саффорӣ! (Амри Лайсро зиёрат мекунад ва ба дидагонаш мемолад. Ва ҳамзамон ашкашро пок мекунад). Эй дареғо, ки гоҳ иззию гаҳ зилл.
Ҳафс бинни Умар аз роҳаш бармегардад ва номаро ба Амри Лайс медиҳад.
Ҳафс: Фаромӯш кардаам, узр, амирам, аз ҳаяҷон фаромӯшӣ кардаам.
Амр: Боке нест. Дигар мо фурсат ба кифоят дорем.
Номаро гирифта мекушояд, вазъаш тағйир мепазирад. Дубора онро аз назар мегузаронад.
Амр: Агар иҷозат бошад бо расул хилват кунам. Хотирам мушавваш аст. Метарсам, аз он чӣ мо мехостем, чизе бар наояд.
Абюсууф: Чӣ хабар? Чӣ менависанд?
Амр: Алҳол аз нома ба рӯшанӣ маълум намешавад. Баъд сӯҳбат хоҳем кард (Ба тарафи Абдуҷаббор бинни Ҳамза) узр мехоҳам. Бисёр муштоқ будам бо эшон ҳамнишин шавам. Узр мехоҳам..
Абдуҷаббор: Боке нест. Мо ҳама барои ҳамсӯҳбат шудан фурсати зиёде дорем. Ман интизор мешавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё