Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷо-ҷо хонаҳо ва кушкҳо оташ гирифтаанд. Ҷӯйҳо аз беобӣ хушкидаанд. Мардуми шаҳр аз беилоҷӣ чун мурғони пойсӯхта ба чор тараф медаванд, вале беҳуда, бефоида. Аз дасташон коре барнамеояд.

Ва сипоҳиёни амири Хуросон болои бораи баланд камин гирифтаву сӯйи хориҷи қалъа тир партоб мекунанд. Амри Лайс беқаророна гирдогирди бора мегардад ва ҳарби сипоҳиёнашро наззора мекунад. Сарбозонаш беруни қалъаи шористон дар ҳисор афтодаанд ва торафт тазйиқ меёбанд, ба хандак мерезанд, ғарқ мешаванд. Сипаҳсолоронаш фирор мекунанд, таслим мешаванд. Ҳанӯз дарвозаҳои шаҳр бастаанд, мустаҳкаманд. Фақат санги арродаҳо бораро меуфтонад, нафти манҷаниқҳо қалъаро месӯзонанд. Мардум чун мурғи посӯхта худро ба чор тараф мезанад... Амри Лайс аз болои бораи баланди шористон поин меояд.

— Бояд ба кӯмаки сипоҳиёни хеш рафт.

Сарбозон аз бора поин меоянд. Дарвозаи Ато боз мешавад. Амри Лайс дар раъси лашкар ба майдони ҳарб мебарояд. Амир Исмоил бо лашкаре андак ба истиқболи ӯ асп медавонад ва ҷанге сахт дар мепайвандад. Ва Амри Лайс муҳосираи сипоҳи амир Исмоилро рахна карда, аз қалъа дур мешавад. Сипоҳи Амир Исмоил ҷангкунон ӯро таъқиб мекунанд. Сипоҳаш куштаву асир мешавад ва худи Амр ба сӯйи бешазорҳо фирор мекунад.

Амир Исмоил (ба Ҳамӯя): Аз пасаш рав!

Ва амир Исмоил ба шористони Балх ворид мешавад. Мардуми шаҳр хурду калон аз марду зан, писару духтар ба истиқболаш мебароянд.

Ва дар ҷӯйҳо об ҷорӣ мешавад...

Ва сӯхторҳо хомӯш мегарданд...

Ва ғубори чангу дудро насим ба дурҳо мебарад...

Ва абри баҳорӣ қатраҳои шаффофи хешро бар замини сӯхтаву тафта меборад...

Даруни бешазори анбӯҳ аспи Амри Лайс кунд медавад. Сипоҳиёни таъқибгари лашкари амир Исмоил торафт ба ӯ наздик мешаванд. Ӯ дилтангона аспашро тозиёна мезанад. Вале ҳамоно дар назари амир ба мисли пештара кунд меравад, ба мисли Рахши Рустам дар остонаи Кобул.

пешина
аз 675
навбатӣ