Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бар Амри Лайс музаффар гардидаед, оқибати хатир дорад. Шумо алҳол фориғбол ва мутмаин шудаед, ки ин рӯҳияи як сипоҳи ба рифоҳ расида аст. Таъкид мекунам: ҳеҷ кас бе фармону супориши ман ба амале иқдом намекунад. Мо медонем, ки Амри Лайс тамоми қувваҳои ҷангиашро дар сари роҳи мо қарор додааст. Ӯ моро фақат аз роҳи Алиобод интизор аст. Мо бояд ӯро дар ин тасмимоташ ноумед созем! Ва аз сӯе ба ҷанг ворид шавеҳ, ки ҳеҷ интизор надошт. Бинобар ин мо фардо субҳ ба роҳ мебароем ва аз Дарвозаи Ато, яъне ҷануби шористон вориди набард мешавем. Ӯ дар ин сурат барои қувваҳояшро ба самти муқобил кӯчонидан фурсат намеёбад.
Ҳамуя бинни Алӣ: Вақте мо тамоми қувваҳои хешро ба ҷануби шаҳр интиқол медиҳем, онҳо низ бекор наменишинанд.
Амир Исмоил: Мо нагуфтаем, ки тамоми лашкарро ба ҷануб интиқол медиҳем. Мо чунин вонамуд мекунем, ки шаҳрро муҳосира менамоем ва ҳамчунин ҳам мекунем. Вале қувваҳои зарбазанандаи хешро ғофилгирона ба ҷануб, ба дарвозаи Ато интиқол медиҳем.
Амир Исмоил бо чанд нафар сипаҳсолорони хеш болои теппае дар муқобили Дарвозаи Ато истодааст ва лашкараш мавқеъ мегиранд.
Амир Исмоил: Оби шаҳрро қатъ бояд кард. Ба сарбозон бигӯед, манҷаниқҳову арродаҳоро дар наздикии дарвоза соз кунанд ва ба рахна кардани бораи шористон бипардозанд.
Аҳмад бинни Исмоил савори асп бар гарева фароз меояд ва чанд гом монда ба падараш аз асп пиёда мешавад.
Аҳмад: Лашкари Муҳаммади Ҳорун аз ғарб ва Порси Байкандӣ аз шарқ ба ҳарб гузаштанд. Ағлаби сипоҳи қисмати шимолии амири Саффорӣ ба лашкари Порси Байкандӣ пайвастанд. Ва зиёдати ишон ҳазимат шуданд ва ба сӯйи Сиистон гурехтанд.
Амир Исмоил: Манҷаниқҳову арродаҳои Ҳамуя низ дару девор мешикананд...
Дохили шористони Балх

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё