Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Ман ба эшон чизе ваъда дода наметавонам.
Қосид: Ишон ба ҷуз оромиши кишвар ва ободонии он тибқи адлу дод дигар чизеро умедвор нестанд.
Амир Исмоил: Ку замонати ишон, ки фардо бо мо низ чунин рафтор нахоҳанд кард?!
Қосид: Замонати як озодмард дар сухани ӯст, ки ба амал мепайвандад. Ишон фардо дар майдони набард ба шумо мепайванданд.
Амир Исмоил: Ишонро аз мобақӣ чун тамиз диҳем?
Қосид: Ишон бо ливои шумо ба майдон хоҳанд баромад.
Амир Исмоил якояк ба сарони лашкари хеш менигарад. Онҳо ба аломати ризомандӣ сари хешро поин меоранд.
Амир Исмоил: Пас ба эшон бирасонед: ҳар кӣ толиби ободонӣ ва осоиши кишвар аст, мо бо ӯ мувофиқем ва ҷуз ин дигар муроде надорем. Ва дигар ин, ки ишон назди мо низ дар мақоми пешинай хеш, вале бо иззат боқӣ хоҳанд монд ва сари мӯе молу мулки ишон тасарруф нахоҳад шуд ва баръакс, ҳар он чӣ аз ишон ба зӯр ситонданд, дубора ба соҳибонашон баргардонда хоҳад шуд.
Худованди гардонсипеҳр ёрӯ мададгор бод, ки ҳама пирӯзиҳо аз ӯст.
Қосид баромада меравад. Дар рӯҳияи бузургони лашкари амир Исмоил баландӣ ҳувайдо мешавад. Баъзеи ишон ҳаяҷони хешро пахш кардан наметавонанд.
Муҳаммади Ҳорун: Мо ба мақсади хеш расидем! Рӯҳияи сипоҳи Амр шикастааст!
Амир Исмоил: Ҳанӯз шодӣ кардан барвақт аст. Амр марди соҳибтадбир ва айёру силоҳшӯр аст!
Аҳмади Дароз: Ин фурсатро ғанимат бояд бишмарем ва имкон надиҳем, ки амир Амр тадбир бияндешад.
Амир Исмоил: Ба фикри шумо чӣ бояд кард?
Аҳмади Дароз: Аз фардо дер накарда, ба Балх ҳуҷум бояд бурд.
Ҳорун: Агар амирам иҷозат диҳанд, ман бо сипоҳи хеш ҳамин ҳоло ба роҳ хоҳам баромад ва бо дамидани субҳ корзор хоҳам намуд.
Амир Исмоил: Қазияро он чунон осон магиред. Агар аз лашкари Амр даҳ ҳазор осӣ мешавад, боқӣ барҷой мемонад. Сониян, ин рӯҳияе, ки дар шумо боланда шудааст, гӯё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё