Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зиёди сарони лашкари саффориро пешандоз намуда ба назди амир Исмоил меоваранд.

Амир Исмоил: Оҳо, ҳамагон аз бузургони Хуросон...
Бо дидани амир Исмоил асирон зону зада замини зиллат мебӯсанд. Амир Исмоил аз байни асирон гузашта, Аҳмади Дарозро аз хок бардошта, бо худ ба мақараш бармегардад. Дигарон ҳамчунон сар ба рукуд боқӣ мемонанд.

Амир Исмоил: Ин рафтор шоистаи шаъни чунин озодмард нест. Хоҷа Аҳмади Дароз асир нест, балки меҳмон аст... Вале ман Алӣ бинни Шарвинро намебинам.

Алӣ бинни Шарвин, ки аз қафои саф буд, сар боло мекунад.

Амир Исмоил: Ман гумон намекардам рӯзгор дар чунин вазъе моро дубора бо ҳам рӯбарӯ мегардонад. Хилофи аҳд амал кардан, кори озодмардон нест. Амри Лайс як рӯйгарзодаасту айёр... Агар ӯ аслу насаби туро медошт чунин амали зиштро муртакиб намешуд. Вале ман аз ту умедвор набудам.

Шарвин: Нақзи фармони амири худ амал кардан хиёнат аст. Кушта шуда хубтар аз таслими душман шудан аст.

Амир Исмоил: Магар мо нисбат ба шумо душманӣ варзидаем? Магар мо набудем, ки хостем аз роҳи дӯстӣ ба ҳам биёем? Оё як варазрудӣ барои як хуросонӣ, ё сиистонӣ ё кирмонӣ ё дайламӣ метавонад душман бошад ва ё баръакс? (Алӣ бинни Шарвин сар боло намекунад) Ва ё мо иддаои кишвари шумо кардем. Мо метавонистем аз Рафеъ бинни Ҳарсама пуштибонӣ кунем. Вале ба ин роҳ нарафтем, зеро ӯ барои мо бегона буд. Вале шумо ва амири шумост, ки мардуми бегуноҳро ба ҷони ҳам меангезад. Магар ин хиёнат нест?! Магар ин душманӣ нест?!

Шарвин: Мо сарбоз ҳастем.

Амир Исмоил: Магар онҳое, ки беҳуда будани ин ҳарбро дарк карданд, сарбоз набуданд. Ин ҳама хунҳои нобаҳак рехта бар гардани шумост. Дӯстро душман гардондан хиёнат аст, хиёнат дар баробари кишвар ва миллат аст. Ин шумо ва амири шумост, ки хиёнат мекунед ва бар он чӣ Худованд лоиқатон донистааст, қаноат намекунед. Магар рехта шудани ин қадар хунҳои ноҳақ фақат барои таскин додани ҳавасҳои бебунёд буд? Оё дигар Амри Лайси Саффорӣ ба беҳудагии талошҳояш созиш мекунад? Оё дигар қонеъ мешавад? Мо ҳанӯз муддии ӯ нестем, ҳарчанд метавонем

пешина
аз 675
навбатӣ