Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва ҳар кас, ки аз он сӯ ба амон ояд, амон диҳед... Амир Исмоил бояд аз Бухоро ронда шавад... Мо пайопай ба сӯи шумо кӯмакҳо хоҳем фиристод...

Муҳаммад бинни Бишр дар Омул бо лашкари Алӣ бинни Шарвин мепайвандд.

Офтоб дар регзорҳои рӯди Ҷайхун фурӯ меравад. Сипоҳиёни амир Исмоил ба соҳили рӯд, он ҷое ки Ҷайхун тунукоб мешавад, фуруд меоянд.

Амир Исмоил: Ҳамин шаб саворанизом дарёро бояд убур кунад. То ба он соҳил гузаштани пиёданизом лашкари саффорӣ бояд талафоти фоҳиш диҳад. Ҳақ бо мост, Худованд ёру мададгор бод!

Ҳамӯя бинни Алӣ худро ба дарё мезанад. Сипоҳи савора аз ӯ пайравӣ мекунанд. Онҳо даруни оби тираи Ҷайхун ба он соҳил меҳазанд ва дар дили шаб ғарқ мешаванд.

Амир Исмоил аз асп фуруд меояд ва ба намоз меистад... Пиёданизом бар завракҳо нишаста аз рӯд убур мекунанд. Гурӯҳи хурде аз саворанизом бо лашкаргоҳи Амри Лайс шабехун мезананд. Мобакӣ шаҳри Омулро муҳосира менамоянд. То дамидани субҳ дар лашкаргоҳи Шарвин ҷанг идома меёбад. Бо дамидани субҳ Алӣ бинни Шарвин пиёданизоми хешро дар сафи пеш қарор медиҳад. Ҷанг аз нав даргир мешавад. Аҳмади Дароз аз лашкариёни амир Исмоил амон мехоҳад. Ӯро бо сипоҳаш ба ақибгоҳи хеш мефиристанд. Муҳаммади Бишр бо шаш ҳазор сарбоз ҳазимат меёбад. Лашкари амир Исмоил ба таъқиби ӯ мераванд.

Ҳамӯя бинни Алӣ бо асирони зиёде ба урдугоҳи хеш бармегардад.

Ҳамӯя: Лашкари амири Саффорӣ ба пуррагӣ шикаст хӯрд, он ки ҷон ба саломат бурд, ба Нишопур фирор кард ё асир шуд. Сипоҳсолор ва аз бузургтарин асҳоби хоси Амри Лайс Муҳаммади Бишр бо тамоми сипоҳаш кушта шуд. Сипоҳсолор Алӣ бинни Шарвин асир шуд ва Аҳмади Дароз бо сипоҳаш амон хост.

Амир Исмоил: Сарони лашкари Амри Лайсро ихзор кунед.

Ҳамӯя бинни Алӣ ва Алӣ бинни Аҳмад — сарҳангҳои амир Исмоил Алӣ бинни Шарвин, Аҳмади Дароз ва теъдоди

пешина
аз 675
навбатӣ