Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Худро ба кӯшк мерасонад. Посбон ӯро манъ мекунад, вале баъди гуфтугӯе ӯро бо ҳамроҳии хеш ба кӯшк мебарад.
Посбон: Ту ин ҷо бош, ман ба ҳоҷиби сипоҳсолор аз омаданат хабар мерасонам.
Посбон меравад ва марди ношинос дар даҳлез танҳо мемонад. Аз толоре садои мусиқии хуше меояд ва гоҳ аз гоҳ садоҳои хандаву шӯхиҳо бо кушодаву пӯшида шудани дар ба берун мехезад. Посбон меояд.
Посбон: Бо ман биё!
Онҳо аз даҳлези нимравшан мегузаранд ва ба ҳуҷрае ворид мешаванд.
Посбон: Ту ин ҷо бош, ҳоло ба сурогат меоянд.
Ва боз баромада аз паи маъмурияти худ меравад. Бо гузаштани чанд лаҳзаи дилгир сипоҳсолор Алӣ бинни Шарвин ба ҳуҷра ворид мешавад
Марди ношинос ба истиқболи сипоҳсолор аз ҷояш мехезад ва таъзим мекунад.
Шарвин: Чӣ хабар?
Ҷосус: Амир Исмоил ба бист ҳазор сарбоз ба Байканд фуруд омад.
Шарвин: Боз чӣ?
Ҷосус: Русух кардан ба лашкаргоҳ ва умуман ба Байканд ғайри имкон аст. Фақат ҳамин чиз маълумам гашт, ки сипоҳиён ҳама мардуми бумии Варазруд мебошанд.
Шарвин: Аҷулан ба сӯи Нишопур меравӣ ва вазъиятро ба амир Амри Лайс мефаҳмонӣ.
Сипоҳсолор Шарвин андешанок аз ҳуҷра бадар мераванд ва аз дунболаш ҷосус низ мебарояд.
Шарвин: Худо ёрат.
Баъди рафтани ҷосус Алӣ бинни Шарвин бо чеҳраи гирифтаву пурбим ба маҷлисгоҳ меравад. Пас аз лаҳзае садои хандаву шӯхӣ ва суруду мусиқӣ қатъ мегардад...
Амри Лайс: Дар сарҳади Ҷайхун вазъият пуршиддат гардидааст. Муҳаммад Бишр бо шаш ҳазор сипоҳаш бояд ба кӯмаки Алӣ бинни Шарвин фиристода шавад. (ба Билоли Азҳар). Ба Аҳмади Дароз ва Муҳаммади Шахфур нома нависед ва фармони моро ба эшон бирасонед. Белиранг бо лашкари Муҳаммади Бишр бипайванданд.
Бо Алӣ бинни Шарвин тадбир кунед, лашкарро бидоред

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё