Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сухан кардан надорад. Амри Лайс аз ин хомӯшии дилгир дилхура мешавад ва фарёд мезанад:

  • Чаро хомӯш нишастаед, аз паси чора шавед! Сусмор-хорро маҷбур созед маншурри Варазрудро бе диранг бифиристад. Ва ё ҳамаи шумо ҳайсияти як Мамшоди Исфаҳониро надоред... Эй дареғ, киҳо дар атрофи ман гирд омадаанд!... Ку Муҳаммад Васиф? Мамшоди мо шав!

Муҳаммад Васиф пеш мебарояд ва шеър мехонад. Ва аз хилоли хотираҳо манзараҳои ҷангу пайкор, баҳору зимистон, абру борон, ишқу марг мегузарад. Амри Лайси Саффорӣ дар ин ҳама манзараҳо қаҳрамон аст. Ва корвони ҳадоёи амиралмӯъминин пас гардонда мешавад. Ва расуле чун бод ба сӯйи Бағдод меравад. Ва Ҷаъфару расули Амр дар шаҳри Рай бо ҳам мулоқот мекунанд. Ва корвоне ба сӯйи Бағдод меравад ва дар Рай тавқиф мешавад. Ва корвоне ба сӯйи Нишобур ҳаракат мекунанд...

Амри Лайс: Ҳарб кардан бо Исмоил бинни Аҳмад ногузир аст. Бояд биҷангем.

Супориши мо ба Алӣ бинни Шарвин: Сипоҳро ба Омул фуруд биовар ва барои гузаштан аз Ҷайҳун шитоб макун, то он гоҳ ки бифармоем.

Сипоҳсолор Алӣ бинни Шарвин: Ба чашм.

Амри Лайс: Киштиҳо созед. Ҷосусон фиристед.

Шарвин: Ба чашм.

Амри Лайс: Тадоруки сафар бинед. Худованд ёру мададгори шумо бод.

Алӣ бинни Шарвин аз маҷлис берун мешавад. Ва сипоҳи амири Саффорӣ ба сӯйи Омул ҳаракат мекунад.

Амир Исмоил лашкари худро ба Байканд фуруд меорад.

Амир Исмоил: Соҳили рӯдро таҳқиқ кунед. То фардо мавзеъ пурра омӯхта шавад. Ин кор бар зимаи сипоҳсолор Ҳамӯя бинни Алӣ гузошта шавад. Лашкар бояд истироҳат кунад. Аз сипоҳсолорон, сарҳангҳо ва сарони лашкар такозо мешавад, ки асбоби осоиши сипоҳро фарохам созанд.

Дар яке аз кушкҳои шаҳри Омул маҷлиси базм дар авҷ буд. Саворе аз ҷониби Ҷайҳун ба шаҳр ворид мешавад ва

пешина
аз 675
навбатӣ