Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯро аз кишвар берун кунем.

Ахмади Дароз: Ӯ марди бузургбин аст ва гумон аст, ин шикастро таҳаммул кунад.

Амир Исмоил: Мо, мардуми Варазруд, бар зидди ҳамкавмони худ ҷангидану ишонро хору залил сохтанро бар худ ор медонем. Хиёнат мешуморем. Магар залолати дусадсола кифоят набуд?! Шимоён асир нестед. Ҳеҷ озодмард дар кишвари худ асир нест. Бархезед, ки ин тарзи истодан шоистаи шаъни шумо нест. Вале, эй Алӣ писар Шарвин ба ту наметавон мисли дигарон рафтор намуд, зеро ту медонистӣ. Пас ту худ интихоб намо, ки бо ту чун рафтор кунем.

Дигар асирон аз хок боло мешаванд, вале нобоварона ба атроф менигаранд.

Амир Исмоил: Шумо сазовори чунин зиллат нестед. Фармон медиҳам: Ҳама озоданд! Ба ишон хилъат пушонед ва бигзоред ба назди хонаводаҳои хеш баргарданд. То фардо асбоби роҳати ишонро муҳайё созед. Вале бо ту чун рафтор кунем, эй писари Шарвин?!

Шарвин: Он чунон, ки шоистаи як асир аст!

Амир Исмоил: Асири ҷангӣе, чун ту аз ҳеҷ гуна шоистагие бархурдор нест. Ту худ интихоб кун.

Шарвин: Сари дор.

Амир Исмоил: Сари дор ҷои мардон аст

Шарвин: Шамшер...

Амир Исмоил: Осон аст. Ту ҳатто қодир нестӣ, ки барои худу аъмоли худ ҷазои сазоворро интихоб кунӣ.!

Ахмади Дароз худро ба назди пои амир Исмоил мепартояд ва аз домани ӯ мегирад:

  • Амирам, аз хуни ӯ дар гузаранд. Шояд ӯ пушаймон шудааст...

Амир Исмоил: Бархезед, ӯ сазовори шафоати шумо нест. Ӯ ҳатто сазовор ба номи хонадони Шарвин нест. Ӯро ба зиндон баред, то умр дорад дигар муртакиби такрори гуноҳони хеш нашавад!

Ду сарбоз бо ишораи Ҳамӯя ӯро аз замин бардошта, кашон-кашон аз миёни асирон мебаранд. Ӯ мадори дар пой истодан ва ё роҳ рафтанро дар худ намеёбад.

Амир Исмоил: Ҳайфам меояд, ки чунин ҷавонмарде паҳлавону озоднажод боқии умрро дар зиндон сипарӣ кунад. Вале чӣ чора?

пешина
аз 675
навбатӣ