Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Алӣ бинни Шарвин аз ҷойи хеш хеста ба амир Исмоил таъзим намуда, аз ҷодар бадар меравад. Амир Исмоил ӯро то истабли аспон гусел мекунад.

Фиристодаи Амри Лайси Саффҳорӣ сари бетани Рофеъ бинни Ҳарсамаро назди пои амиралмуъминин Мӯътазид биллоҳ мегузорад.

Расул: Фитнаи Хуросон фурӯ нишаст.

Ва туммори куброро аз ҷайб бароварда бо ду дасти адаб ба халифа дароз мекунад. Халифа тумморро ба вазири худ Убайдуллоҳ месупорад.

Мӯътазид: Оли Саффҳор назди хилофат хизматҳои арзандае кардаанд, ки мо онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард!
ва он қадрдонӣ ҳам шудааст. Имрӯз саффҳориён дар қаламрави шарқии хилофат дигар барои худ ва хилофати ислом муддаие боқӣ нагузоштаанд. Хушнудии мо ҳадде надорад, дигар умедворем Амри Лайси Саффҳорӣ мулкро дар ободиву оромӣ медорад ва онро ба нафъи муслимин идора хоҳад намуд. Ҳадоёе якҷоя бо хушнудии мо, ки сазовори чунин амир бошад ба Хуросон ирсол намоед.

Убайдуллоҳ номаро аз назар мегузаронад ва бо худ меандешад: Ин тақозо ҳеҷ зарурат надошт. Нек медонам, ки халифаро хуш намеояд. Ӯ теша бар решаи хеш мезанад...

Мӯътазид: Хуш, амири фотеҳ чӣ менависад?

Убайдуллоҳ: Агар амиралмуъминин маншури ҳукумати Мовароуннаҳр ба номи вай фиристанд ва ризо ба қазои ӯ диҳанд, бо амри худованди муттаол душмани хилофатро аз Табаристон пок хоҳад намуд. Дар акси ҳол худ иқдом хоҳад кард ва Исмоил бинни Аҳмадро аз Бухоро берун хоҳад ронд.

Амиралмуъминин Мӯътазид сар фуруд афканд ва лаҳзае ҳамчунон бо сари афканда бимонд ва баъд сар аз гиребони андеша бароварда, андӯҳгинона, вале пур аз кина гуфт:

  • Ҷавоб навис номаи Амрро, ончунон ки хостааст! Ва чунон нек донам, ки ҳалоки ӯ дар ин бошад. Ба наздики Исмоил бинни Аҳмад бинавис ки..."Мо дасти ту кӯтоҳ накардем з-он амал, ки карда будем". Вассалом...

Убайдуллоҳ пайи фармоиши амирулмуъминин аз боргоҳ бадар меравад. Халифа дилтангона аз нав мехезад аз зери каши Абдуллоҳ бинни Сулаймон гирифта ба канор меравад.

пешина
аз 675
навбатӣ