Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Мӯътазид: Ба Бухоро ба наздики Исмоил бинни Аҳмад дар сирр нома кун: “Ҳуруҷ кун бар Амр ва лашкари бикаш ва мулк аз дасти ӯ берун кун, ки ту ҳақтарӣ аморати Хуросон ва Ироқро, ки ин солҳо дар дасти падарони ту будааст ва ишон ба тағаллуб доранд, яке он, ки худованди ҳаққ туй, дигар он ки сиратҳои ту писандида аст ва се дигар он, ки ризои ман дар қазои туст. Бад-ин се маъни шак накунам, ки эзиди таоло туро бар ӯ нусрат диҳад ва бадон мангар ки туро иддат ва лашкар андак аст...”
Абдуллоҳ: Худо накунад, агар дар ин ҷанг Исмоил бинни Аҳмад шикаст хӯрад?
Мӯътазид: Ба нафъи мо хоҳад буд.
Абдуллоҳ: Чӣ сон? Пас ризои шумо чӣ маъни хоҳад дошт?
Мӯътазид: Ду ҳамватан ба ҷони ҳам хоҳанд афтод ва заиф хоҳанд шуд, дигар он ки як муддаии дигар кам мешавад.
Абдуллоҳ: Агар воқеаҳо ба сурате рух диҳанд, ки амири Сомонӣ ҳукумати Амрро бар Мовароуннаҳр ҳамчун дар замони Тоҳир бинни Абдуллоҳ қабул кунад?
Мӯътазид: Ин ба нафъи мо нест. Дар ҳар сурат, ки бошад Исмоилро бояд бар зидди Амр ангехт!
Боғҳои роғҳо ранг зард кардаанд. Боди сарди поизи мевазад. Осмон гирифта аст. Деҳқонову кишоварзон маҳсули зиёи хешро аз саҳроҳо ҷамъ оварда, ба деҳҳо интиқол медиҳанд. Паррандагон ба сӯйи Хуросон кӯч мебанданд. Амир Исмоил аз боздиди кишвари худ ба қасри шоҳӣ бармегардад. Дар ин сафар қуззоту дабирон ӯро ҳамроҳӣ кардаанд. Ғуломон аспҳоро ба истабл мебанданд. Амир Исмоил бо ҳамсафаронаш ба қаср ворид мешавад. Бузургони кишвар ӯро интизоранд. Хоҷаи Бузург ба пешвози амир меояд. Амир Исмоил бо имтиҳон бар вазири хеш менигарад.
Амир Исмоил: Оё ҳодисае рух додааст, ки бузургмардони давлат гирд омадаанд?
Хоҷаи Бузург: Аз ҷониби амири саффорӣ расуле омадааст.
Амир Исмоил: Чӣ мехоҳад?
Хоҷаи Бузург: Барои амирам пайгом овардааст ва исрор менамояд, ки фақат ба ҷаноби олӣ иброз медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё