Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Лайс, Билол бинни Азҳар, Тоҳир ва Яъкуби Лайс (фарзандони Муҳаммади Лайс), Муҳаммад бинни Ҳамдон бинни Абдуллоҳ — амири Зобулистон, Муҳаммад бинни Бишр, Алӣ бинни Шарвин, писарони Алӣ бинни Лайс — Лайс ва Муаддал саф кашидаанд.
Ҳоҷиб (вориди боргоҳ шуда): Хоразмшоҳ Муҳаммад бинни Амр ба пойбусии амири Хуросону Ироқ, Зобулу Кобул ва Систон омадааст.
Хоразмшоҳ вориди боргоҳ мешавад. Бузургон ба ӯ таъзим мекунанд. Амри Лайс аз тахт поин омада, чанд қадам ба истиқболаш меравад. Хоразмшоҳ ҳаяҷонзада ба сӯйи амир Амр мешитобад ва ба зону меафтад, вале амири саффорӣ ӯро аз хоки узлат мебардорад ва ба оғӯш мекашад, баъд даст зери кашаш бурда, ӯро то ба назди тахт ҳамроҳӣ менамояд ва ӯро бар курсӣ нишастан таклиф менамояд.
Сарҳанги Хоразмшоҳ ба табақе пӯшида бо матои сурх вориди боргоҳ мешавад ва аз миёни саф гузашта онро пеши пои Амри Лайс мегузорад. Аз паси ӯ бузургони хоразмӣ бо туҳфаҳо, ки хироҷи Хоразм бошад, ворид мешаванд. Амри Лайс ба Хоразмшоҳ менигарад. Хоразмшоҳ аз ҷой хеста ба Амри Лайс таъзим мекунад. Амри Лайс рӯпушро аз болои табақи мисин мегирад ва бо танаффур рӯяшро аз сари буридаи Рофеъ бинни Ҳарсама мегардонад. Сари бузурге бо риши дароз ва чашмони боз ба Амри Лайс менигарад. Амри Лайс бо нафрати зиёд сарро аз ришаш бардошта ба ҳозирини маҷлис нишон медиҳад.
Амри Лайс: Дигар фитнаи Хуросон бетан аст.
Ва сарро ба дур мепартояд. Сари бетани Рофеъ то ба назди пои Билоли Азҳар меғеланад. Азҳар ба ҳарос худро қафо мекашад.
Амри Лайс: Азҳари Хар аз сари бетане метарсад?!
Азҳар (Сарро ба нуги пояш дуртар ғелонда): Он чунон зишт аст, ки зиндааш шоҳи ҷаҳон Яъкубро ба ваҳшат оварда буд. Ӯ бо он бузургию далерӣ чунин зиштиро таҳаммул карда натавонисту вайро аз наздаш биронд, мо кистем? (Ҳамагон механданд)
Муҳаммад Васиф:
Умри ӯ назди ту омад, ки ту чун Нӯҳ бизӣ.
Дар оқори тани ӯ, сари ӯ боби таом.
Амри Лайс: Рафтори дӯсти мо Хоразмшоҳ Муҳаммад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё