Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Хоразм дигар дар итоати мо нест.

Амир Исмоил: Хоразмшоҳ шитоб кардааст. Ӯ гумон бурдааст, ки баъди рафъи Рофеъ Саффориён ҷойгузини Тоҳириён шудаанд. Шакке нест, ки худи Амри Лайс низ чунин мепиндорад. Пеш аз он, ки Хоразмшоҳ бо сипоҳи саффорӣ ба Хоразм баргардад, бешак чунин ҳам хоҳад шуд, мо бояд иқдоме кунем. Нагузорем ҷанг ба ин тараф кашонида шавад. Ҳарчӣ зудтар мо бояд омили худро ба Хоразм бифиристем.

Симо-ал-Кабир: Амирам, ин эъломи ҷанг бо Саффориён хоҳад дошт.

Амир Исмоил: Саффориён дар шарқи олами ислом дигар муддаие надоранд. Ин омил барои чунин гумон бурдан ҳақ медиҳад. Имрӯз Ироқу Хуросон амалан ба тоати Саффориён даромадааст. Барои дастёбӣ ба тамоми шарқи халофат фақат мо халал мерасонем. Яъне истиқлолияти мо дар хатар аст. Устод, дигар ҷанг оғоз шудааст, ҳоҷат ба эъломи он нест!

Муҳаммад бинни Нӯҳ: Амири Саффорӣ сарҳанқояш — Алӣ бинни Ҳусайнро бо лашкараш ба Гургон ва Муҳаммад бинни Шаҳфурро ба Марв фиристодааст. Онҳо бо лашкари худ дар ин манотиқ мустақар шудаанд.

Амир Исмоил: Ароқ бинни Мансур ҳамчун омили мо ҳар чӣ зудтар бояд ба сӯи Хоразм ҳаракат кунад. Қувваҳои сарҳадӣ бояд бедиранг пурзӯр гардонида шаванд.

Муҳаммад бинни Нӯҳ: Амри Лайс ҳанӯз чунин ниятеро изҳор нанамудааст. Устод дуруст мегӯянд, шояд чунин шитобзадагӣ...

Амир Исмоил: Вазири бариди мо чиҳо мегӯянд?! Амри Лайс аз бародари хеш Яъқуби Лайс ҳеҷ мондание надорад. Ӯ бо роҳи бародари худ меравад. Магар маълум нест!?! Яъқуб бар ҳама халофат ҳоким буд, вале қонеъ нашуд! Аз Амр чӣ мехоҳед?! Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ.

НИШОПУР

Амри Лайси Саффорӣ бо як чашми баста, бо тоҷи заррин ва либоси мӯҳташами шоҳона бар тахти мурассаъ нишастааст. Аз ду тарафи тахт дар пойгоҳ бузургони дарбор, уламо ва вузаро, сипаҳсолорону сарҳангҳо аз ҷумлаи Муҳаммад бинни Шоҳпур, Муҳаммад бинни Амр бинни

пешина
аз 675
навбатӣ