Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Зане дар либоси шоҳона нишаста бар аспи зину лаҷомаш заррин аз Дарвозаи Алаффурӯшон берун омада бар тахти мурассаъ менишаст. Дар наздиаш ғулому нохоҷасараён, яъне хассиён ва хоҷагон соф мекашанд. Дусад ҷавонони деҳқонзода бар камарҳои заррин шамшер ҳамоил карда дар хизмат истодаанд...
...Ва вай қоида ниҳода буд бар аҳли Бухоро, ки ҳар рӯз аз деҳқонон ва шоҳзодагон дусад барно ба хизмати ӯ меомаданд. Ва чун Хотун берун меомад, ҳама бар вай таъзим мекарданд ва ба ду саф меистоданд. Ва Хотун дар кори кишвар расидагӣ мекард ва амру наҳӣ медод ва онро, ки хостӣ, хилъат медод ва онро ки хостӣ уқубат мефармуд. Ҳамчунон аз бомдод то чоштгоҳ менишаст ва ба ҳисор бармегашт ва хонҳо берун мефиристод ва ҳамаи ҳашамро таъом медод.
Ва чун бегоҳ мешуд ҳамчунон берун меомад, бар тахт менишаст ва аз деҳқонону мулукзодагон ба ду саф пеши ӯ ба хизмат меистоданд, то фурӯ рафтани офтоб. Онгоҳ аз тахт бархоста, бар асп нишаста, бар Кох бармегашт. Ва он бузургзодагон ба рустоҳои хеш бозмегаштанд ва рӯзи дигар қавми дигар бар ҳамин сифат хизмат мекард, то ки боз навбат ба ӯ расад. Соле ҳар қавмеро чаҳор бор навбат мерасид. Бад-ин минвол ин Хотун понздаҳ сол мулк дошт.
Ин ҳамон Кох аст, ки Хотун бо фарзандонаш дар он менишастанд. Ҳазор сол аст, ки вайрон мешаваду обод...
Мардуми деҳи Варахша аз омадани амир Исмоил огоҳ шуда, ҳама ба майдони кох мерезанд.
Амир Исмоил: Ман бист ҳазор дирам ва чӯб медиҳам, шумо ин кохро масҷиди ҷомеъ созед.
Марде мӯйсафед аз миёни мардум пеш баромада ба амир Исмоил таъзим карда мегӯяд.
Марди пир: Умри шоҳам поёнда бод, масҷиди ҷомеъ дар деҳи мо рост набошад ва раво набошад.
Амир Исмоил: Чаро?
Марди пир: Ҷамоати деҳи мо кам аст ва сониян, ин кохи подшоҳони қадим аст.
Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс: Ман дар мусалмон будани ишон шак мекунам.
Амир Исмоил: Баръакс, аз нахостанашон хушам меояд. Онҳо мефаҳманд, ки чизи ободро вайрон кардан хуб нест. Ин маънии онро дорад, ки агар масҷиди ҷомеъ мехоҳед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё