Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бино кунед, обод кунед... (ба мардум) Имрӯз ман ба назди шумо омадаам, то ба додатон бирасам. Оё аз омилони мо ва маллокони деҳ бар шумо зулм расидааст.
Марди пир: Умри шоҳам поянда бод, аз ҳеҷ ҷонзоде бар мо зулм намерасад. Мо ба худ таъмин ҳастем ва боз соли лояхтоҷи хешро ба фурӯш мебарорем.
Амир Исмоил: Ин зиёҷот ва ғаллазорони ободон ҳама моли шумост?
Марди пир: Умри шоҳам поянда бод. Ин зиёҷот ва ғаллазорҳо аз қадим моли шоҳон буд.
Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс: Ин мулк ҳанӯз дар дасти охирин бухорхудост Абӯисҳоқ Иброҳим бинни Холид бинни Буниёт аст.
Амир Исмоил: Ӯ дар ин кох зиндагӣ мекунад?
Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс: Ӯ ба тобистон ин ҷой ва дигар вақт дар Бухорост.
Ясорӣ: Ё амир, ин зиёъ бад-ин некӯй, бо чандин ғалла ба Абӯисҳоқ аз кӣ мондааст?
Амир Исмоил: Ин зиёъ мулки ишон нест, мулки подшоҳӣ аст.
Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс: Мулк аз они ишон аст, аммо ба сабаби раддати падари ишон халифа аз дасташон берун кардааст ва мулкро байтулмол гардонида ва боз бар сабили иҷрат ва ҷомагӣ ба ишон дода.
Ясорӣ: Вай ба амирам хизмати босазо намекунад ва чунон медонад, ки ин зиёъ мулки ӯст.
Абӯисҳоқ Иброҳим меояд. Аз асп пиёда мешавад ва ба амир Исмоил таъзим мекунад.
Абӯисҳоқ Иброҳим: Хуш омаданд, амирам, нури дида тоҷи сар, ба саройи хеш фуруд омадаанд.
Амир Исмоил: Ё Абу Исҳоқ, туро ҳар сол аз ин зиёъ чӣ қадар ғалла ба ҳосил ояд?
Абӯисҳоқ Иброҳим: Давлати шоҳам дароз бод, аз баъди ранҷи бисёр ва такаллуф соле бист ҳазор дирҳам ба ҳосил ояд.
Амир Исмоил: Мо ин мавзеъро ба соҳибшуртаи худ Аҳмад бинни Муҳаммади Лайс медиҳем. Онро бигир. Ба Абулҳасани Ориз бигӯй, то ҳар сол бист ҳазор дирҳам ба Абӯисҳоқ Иброҳим диҳад. Ё Абӯисҳоқ, ту розӣ ҳастӣ? (Абӯисҳоқ Иброҳим хомӯшона ба аломати ризо таъзим менамояд) Дигар дар Бухоро доимӣ хоҳӣ монд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё