Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамагон сар мезананд.

Амир Исмоил: Бо ҳар худкомае ҳамчунин рафтор хоҳад шуд!

Ва хони карлуқро дар баробари дигар асирон тозиёна мезананд... Ва амир Исмоил дар чашмони хаставу варамидаву нопайдои Танкиш менигарад. Ӯ тоби нигоҳу зарбати тозиёнаро наёварда ба дард нолиш мекунад, ба мисли гурги гуруснаву сармозада зӯза мекашад.

Амир Исмоил: Нофармонӣ чунин подош дорад!

Ва ёронашро сар мезананд. Ва хотунро ба ғозие зиштқареҳаву ғулосо ҳадия мекунанд.

Амир Исмоил: Ҳадиси набавист, ки мефармояд: “Ҳар кас бо ситамгаре ҳамроҳӣ кунад ва бидонад, ки ӯ ситамгар аст, мусалмон нест”. Агар мо ҳукми аддро иҷро накунем, зулм афзоиш ёбад. Дар имон нерумандтарини шумо касест, ки бар хашму нафси хеш чира шавад... Бинобарин ҳар орзӯе сазовори дувист чӯб аст! Ғазовуту ҷиҳоди мо ислоҳ аст. Мо бояд ислоҳ кунем. Ислом ислоҳ аст... яъне ислоҳи зиндагии худу ҷомеаи худ ва кишвару дунё!!! Агар то ба имрӯз касе ин маъниро нафаҳмидааст, ба ӯ бифаҳмонед.

Амир Исмоил: Роҳи бозгашт ба манзил тӯлонист. Замон дер мегузарад. Муштоқи мардуми Бухоро шудаам.

Симо-ал-Кабир: Ин аз ишқи шумост ба ишон...

Амир Исмоил: Баъди бозгашт, кӯй ба кӯй, шаҳр ба шаҳр, деҳ ба деҳ хоҳам гашт.

Симо-ал-Кабир: Мардум ҳама ҷо аз шумо бо ишқ пазироӣ мекунанд. Ҳатто дар Тироз ин тамоюли мардум эҳсос мешуд. Зеро мардум аз адолат пуштибонӣ мекунад.

Амир Исмоил: (андешамандона) Адолат бояд пояи ахлоқӣ дошта бошад... ахлоқ бошад... дар акси ҳол ҷабр асту ҷафо... Тибқи шоҳони қадим бояд амал кард...

Симо-ал-Кабир: Чӣ тавр?

Амир Исмоил: Ба доди ҳар касе аз афроди кишвар бояд расид, новобаста аз он ки ӯ дорост ё нодор...

Чун Бедун Бухорхудот бимурд, аз вай як писари ширхора монд, номаш Туғшода. То ба балоғат расидани ӯ модараш Хутак подшоҳӣ мекард ва одил буду соҳиброй. Одати ӯ чунон буд, ки ҳар рӯз аз дари Ҳисори Бухоро берун меомад.

пешина
аз 675
навбатӣ