Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
ман кистам?! Саргашта дар ин бодия аз баҳри чистам?! Худоё, фақат ту медонӣ, зеро бар ҳама корҳо ту доной. Ончунон ки ҳастем, ҳамчунон бипазирамон. Инсон пандпазир нест. Он ки панд медиҳад, худ хилоф мекунад! Худованд о, савобу гуноҳамонро бар мо бубахшо! Зеро кори савобамон гуноҳ аст ва шояд гуноҳамон савоб бошад. Фақат туй бузург, фақат туй бартар аз ҳама сифот. Ҳама роҳҳо уреб аст, ягона роҳи рост туй, эй рости рости рости рост! Бар мо бубахшо... Зеро бар ҳама корҳои худ туро шиор месозем. Зеро ҳама кори мо хатост. Ҳама савоби мо хатост. Ҳама гуноҳи мо хатост. Мо як пайкари ҳавлангез аз хато ҳастем. Ту моро маъсум офаридӣ, вале мо бо дурӯғ аз худ пайкари ҳавлангези хато сохтем. Ва бо номи ту бар роҳи худ арч ниҳодем... Фиръавнро аз маснадаш барандохтем, ва бегумон худ бар маснадаш биншастем. Худоё аз муддаиёни маснадат моро наҷот деҳ! Ҳар кӣ бар маснади Фиръавн нишаст, Фиръавн шуд. Ҳар бутшикане худ бут шуд... Агар инсонҳо бо роҳи нахустин ҳодии ту мерафтанд, шояд имрӯз онҳо дар як ҷаҳони осоишу оромиш, бечангу ҷӯш, ҳамнаво бо оҳанги зиндагӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Шояд онҳо ба он чӣ ту хосторӣ мерасиданд. Аз бас имрӯз роҳҳо бисёри ба ҳам печида шудаанд, башар ҳадафи худро гум кардааст. Мурод аз ин роҳҳои печида бо ҳам ту нестӣ, балки ёфтани гумкардаи худи башар аст. Аз бас ҳадафи худро гум кардаанд, аз беилоҷиву дилҳурагӣ, хашмгину асабонӣ шудаанд ва ба ҷони ҳамдигар дарафтодаанд. Эй кош башар ҳадафи хешро мешинохт!
Ин раҳеро, ки мо пеш гирифтем, ниҳоят нест. Ҳарчанд мо худро ба ниҳоят будани он тасалло медиҳем. Ҳар инсоне имконияти хуфтаву карахт ва ношинохта аст. Ҳайҳот, агар ин имконияти хуфтаву карахт ва дар таҳтушуурҳо пинҳон шинохта шавад! Он гоҳ роҳҳо кӯр хоҳанд шуд. Он гоҳ башар басираташро аз даст хоҳад дод, он гоҳ башар хештанро гум хоҳад кард.
Эй кош, башар фақат бо роҳи нахустин ҳодӣ мерафт! Он замон башар ҳадафашро гум накарда буд. Ӯ тоза ба Сирот-ал-мустақим ворид шуда буд ва ҳанӯз гоме дар он барнадошта буд. Эй кош башар тариқи бозгаштпо мешинохт!!!
Эй дарег! Дарег аз ин худорамида чанде!...
Амир Исмоил аз ҷой хеста ба гӯшаи хилвате рафта ду ракаат намози шукрона мехонад.
Амир Исмоил: Ба коргарон назорат кунед, ки дар вақти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё