Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мусулмон кунад.
Амир Исмоил бо бузургони қавми хеш ба дохили калисо медароянд. Уксуфи аъзам ба пешвози онҳо мебарояд.
Амир Исмоил: Мо ин калисоро ба масҷиди ҷомеъ табдил медиҳем. Ҳеҷ чиз аз ин ҷо бояд ғорат нашавад. Номи шумо чист?
Уксуфи аъзам: Хуршеддин писари Хурмуздофарид. Ин номро падаронамон ба ифтихори уксуфи муқадас Хуршеддини Хурмуздофарид, ки дойи мо буд, қабул кардаанд.
Амир Исмоил: Номи зебост. Ҳама ҳамчунин номҳои порси доранд?
Хуршеддин: Оре. Ҳама бузургони қавм ва деҳқонон бо номҳои хеш боқӣ мондаанд ва аксари авом номҳои инҷилӣ ба худ гирифтаанд.
Амир Исмоил: Ишонро ё ба номҳои қадимашон баргардонед ва ё номи исломӣ гузоред. Худи ҳамин рӯз амволи калисоро ба байтулмол интиқол диҳед.
Амир Исмоил бо ҳамроҳонаш даруни калисо гардиш мекунад ва аз тазйини он ба чеҳраҳои маъсуму маслубу азиятдида ҳайрон мешавад.
Амир Исмоил: Аз бебақоии кори наққош дареғам меояд. (Болои курсӣ мешинад ва дар тасвири Исои Маслуб хира мемонад) Марде аз издиҳом дуруст мегуфт: Чӣ фарқе дорад?! Оре чӣ фарқе дорад: рост меравӣ ва ё уреб. Рост меистӣ ва ё зону мешиканӣ, сар ба замин мекубӣ ва ё... Оре, ҳама роҳҳо ба сӯйи худованд мебаранд. Оё ин инсонҳо дар ин роҳҳо мераванд?! Чаро онҳоро мебаранд?! Чаро худи онҳо намераванд?! Оё онҳое, ки эшонро аз дунболи хеш мебаранд, дар ниятҳову хостҳои худ беғаразанд?! Магар инсони андешаманд метавонад беғараз бошад?! Ин роҳҳо ба сӯйи худованд бояд инсонро саодатманд созанд. Чаро он ки худ бо ишқу иродаи худ равад, бар дор мешавад?! Чаро инсон панд намегирад?!! Чаро гуфторҳо бо кирдорҳо яксон нест? Худоё, худовандо доно туӣ, бино туӣ... Инон, ки ба роҳи худ мераванд ва ҳанӯз, ки ба ҷое нарасидаанд, боз эшонро аз роҳ мезананд. Ӯ то нимароҳ бо шакку тардид меравад ва оё то ба охир, ба он ҷое, ки дигар орзуҳо мемиранд, мерасад? Магар то ба ин нимароҳ ӯ роҳи куфр напаймудааст?! Оё башар ба ҷое мерасад?! Оё мерасад?! Магар ин фасона нест?! Магар ин дом нест? Магари ходиёни роҳу ин роҳпаймоҳо фасонапардоз наянд? Пас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё