Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

шудаанд. Баъди лашкар асиронро бо дасту пой баста, ки Танкиш ва хотунаш низ бо онҳост, ба шаҳр ворид менамоянд. Барои охирин бор нокуси калисои шаҳри Тироз ба садо дар меояд. Ва мардум бо тарсу ҳарос ба майдони назди калисо ва қасри шоҳ ҷамъ меоянд. Уқсуфи аъзам ва дигар бузургони Тироз, ки ҳамагон мардуми суғдӣ ҳастанд, ба назди мардуми тарззадаву ҳаросманд мебароянд. Ба бо майдон баромадани онҳо дар байни мардум ҷунбише ба амал меояд.

Уқсуфи аъзам: Ҳамаи роҳҳо ба сӯйи худованди якто мебаранд. Интихоби ин ё он роҳ куфр нест. Вале мо бояд дар ин умри гузарону кӯтоҳи хеш кӯтоҳтарин роҳро барои иртибот бо офарандаи ҷаҳонҳо интихоб намоем, он чунон ки дигар ҳамқавмҳоямон дар куллияи Эронзамин кардаанд. Ва бо қабули дини ислом шумо дигар ҳамчун ғайридин ба бардагӣ бурда нахоҳед шуд, молу ҷонатон дар амон хоҳанд монд...

Овозе аз байни издиҳом: Ба мо бифаҳмонед, он кӯтоҳтарин роҳи иртибот бо худовандгор кадом аст?

Уқсуфи аъзам: Намози панҷвақта. Шумо дар ин намозҳо бо худои холиқи замину осмонҳо ду ба ду хоҳед буд ва касе байни шумо васила нахоҳад шуд. Шумо худ масъули гуноҳу савоби хеш хоҳед шуд.

Овозе аз байни издиҳом: Модом, ки ҳама роҳҳо ба сӯи худованд баранд, интихоби ин ё он роҳ куфр набошад, пас чӣ фарқ дорад, ки мо дар кадом роҳем?

Уқсуфи аъзам: Алҳол мо ҳаққи интихоб надорем, агар мехоҳем ҷону моламон, шаҳру деҳамон дар амон монанд, бояд тақозои ғолибонро бипазирем. Ва бо ҳамқавмони хеш ҳаммазҳаб шавем.

Майдон ба ҷунбиш меояд. Чанд сарбозе бар боми калисо баромада чалипову нокусро ба замин мепартоянд. Ва яке аз онҳо аз он баландӣ азон мехонад.

Уқсуфи аъзам: Дигар ба ҷои оҳанги нокус садои азон хоҳед шунид.

Бо шунидани садои азон мардуми шаҳр ба хонаҳои хеш пароканда мешаванд ва ғозиён ба майдон меоянд ва саф мекашанд. Амир Исмоил пешнамоз мегузарад. Баъди намоз ба мусулмонон рӯй оварда мегӯяд:

— Дар кӯтоҳтарин замоне ин калисо бояд ба масҷиди ҷомеъ мувофиқ карда шавад. Ва ҳар ғозӣ бояд панҷ-даҳ нафарро

пешина
аз 675
навбатӣ