Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳоро барои ғорати ватани хеш суқ медиҳед...
Уқсуфи аъзам: Аз дасти бандаи гунаҳкор чизе сохта нест. Мо омадаем шарти сулҳро бипазирем, то шаҳр хароб нашавад. Аз ин рӯ бандаворона хоҳиш менамудем Таниш-ро, ки алҳол соҳибмулки мост, бипазиред.
Амир Исмоил: Мо ба ғосибони диёри худ гуфтушунид намекунем. Алҳол ӯ бандии мост ва ҳеҷ банда наметавонад бар мардуми озод ҳукумат кунад.
Уқсуфи аъзам: Пас чора чист? Шаҳр хароб мешавад...
Амир Исмоил: Аслан хуб нест, ки мардуми як қавму як нажод дар мазоҳиби мухталиф бошанд. Ин ҳамеша боиси парокандагии қавму кишвар аст. Шумо бояд ба мазҳаби ислом дароед, он чунон ки Абумуслими Хуросонӣ бобоёни шуморо ба дини беҳин гаровонда буд. Вале шумо боз бар дини бобоёни худ кофар шудед. Он гоҳ мо бо шумо гуфтушунид хоҳем кард.
Уқсуфи аъзам: Фақат бо ислом овардани мо қазия ҳал намешавад. Ин ҷо қарлуқҳо бар вилоят тасаллут доранд, ризоияти ишон муҳим аст.
Амир Исмоил: Мо тасаллути ҳеҷ бегонаеро қабул надорем. Лашкари ишонро мунҳазим сохтем ва даҳ ҳазор асир гирифтем. Ва сардорашон низ асири мост. Агар мехоҳед шаҳр хароб нашавад, дарвозаҳоро бар лашкари мо боз менамоед ва мо фотеҳона вориди шаҳр мешавем. Дар акси ҳол ҷанг давом хоҳад ёфт.
Уқсуфи аъзам: Як рӯз мо амон мехоҳем, то ба шаҳр баргардем ва мардумро барои таслим розӣ намоем.
Амир Исмоил: Магар ба назди мо омаданатон дигар маънии дошт?! Фардо субҳ бояд дарвозаҳо боз шаванд. (Ба Абуюсуф Яъқуб) Ишонро ба дин оваред.
Амир Исмоил аз тахт хеста ба назди уқсуф меравад ва чалипои гарданашро ба шаст канда ба дур мепартояд. Ёронаш аз тарс чалипоҳои гардани хешро гирифта ба пои тахт мегузоранд. Ва амир Исмоил ишонро бо ишорати даст мураххас менамояд. Онҳо таъзимкунон аз ҷодар бадар мешаванд. Баъди чанд лаҳзаи дигар Ҳамӯя бо як даста аз чалипо бармегардад.
Субҳи рӯзи дигар амир Исмоил дар раъси лашкар аз дарвозаи ҷанубӣ вориди шаҳр мешавад. Кӯчаҳо аз одам холӣ ҳастанд. Сокинони шаҳр дар бурҷи хонаҳои хеш пинҳон

пешина
аз 675
навбатӣ