Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Танкиш: Ман бо ҳамсарам ба дини эшон имон меоварем то...(ба ҳамсуҳбаташ назари имтиҳон медавонад) то амон ёбем. Барои мо ҳамаи шумо бегона ҳастед...ва як ҳастед...

Уқсуфи аъзами калисо Хуршеддин пури Хурмуздофарид баромада меравад.

Танкиш: Барои мо моҳият надорад...

Чанд сарбози қарлук давида ба боргоҳ медарояд.

Сарбоз: Боми қаср оташ гирифтааст.

Танкиш: Онро хомӯш кунед! (ба бузургони суғдӣ) хабар расонед, мо ба гуфтушунид ҳозирем. Ва бо шитоб аз ҷояш хеста аз боргоҳ бадар меравад.

Майдони марказии шаҳр. Қарлуқе чанд тахти равон хотунро бардошта ба сӯйи дарвозаи шаҳр мебаранд. Танкиш бар аспи пасте нишаста аст ва аз паси ӯ деҳқонони суғдӣ. Дарвозаро боз мекунанд. Танкиш бо аҳли рикобаш аз шаҳр бадар мешаванд. Маннижаҳо аз кор боз мемонанд. Танкиш аз миёни лашкар, аз миёни майдони ҷанг гузашта, ба тарафи қароргоҳи амир Исмоил меравад.

Чодари амир Исмоил

Амир Исмоил бо чанд тан аз сарлашкаронаш Симо-ал-Кабир, Аҳмади Марзук ва Абуюсуф Яъқуб Ҳамӯя бинни Алӣ дохили чодар мешавад.

Амир Исмоил: Чӣ хабар?

Ҳамӯя: Сардори қарлуқҳо бо завҷааш ва деҳқонони Тироз ба побуӯсии амирам омадаанд.

Амир Исмоил: Чӣ мехоҳанд?

Ҳамӯя: Гуфтушунид кардан мехоҳанд.

Амир Исмоил: Бигузор деҳқонон аз байни худ бузургтарҳошонро интихоб кунанд. Ман вақти ба ҳамаи онҳо суҳбат кардан надорам.

Ҳамӯя аз чодар бадар меравад ва баъди чанд лаҳза бо чаҳор-панҷ нафар аз бузургони Тироз боз мегардад.

Амир Исмоил: Шумо дар ин қисмат аз сарзамини мо аслу насаби хешро фаромӯш карда, боз бешармона мехоҳед бо мо гуфтушунид намоед.

Уқсуфи аъзам: Ин хости мо набуд, балки иродаи наҷотдиҳанда буд. Ба амри тақдир мазҳаби нав моро аз ҳам бегона сохт, вагарна...

Амир Исмоил: Гардан ба бандагии бегонаҳо ниҳодед.

пешина
аз 675
навбатӣ