Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
кандан ба тасвирҳо осебе нарасад.
Амир Исмоил бо ҳамроҳонаш аз калисо баромада мераванд.
Амир Исмоил вақти ба қаср баргаштанаш хеле хаста ба назар менамуд. Ҳини аз роҳравҳо ва даҳлезҳои қаср убур карданаш ба Ҳамӯя фармуд:
- Тасхири Тироз ҳанӯз маънии поёни ҷангро надорад. Бояд тамоми қасабаҳои он поксозӣ шавад, то минбаъд аз ин қисмати кишвари хеш беташвиш бошем.
Ғозиёни зиёд ба бозсозии калисо ба масҷиди ҷомеъ машғуланд.
Амир Исмоил: Тамоми ғаноими ҷангиро ҳисоб кунед, ки он насиби воқеии ғозиён аст.
Абуюсуф Яъқуб: Мо онро ҳисоб кардем: фақат пули нақдинае, ки аз дорулмулк ва калисо ба даст омадааст, сари ҳар ғозӣ ҳазор дирам мерасад. Ин ҷо зуруфи қиматбаҳо ва чаҳорпоён берун аз шумор аст.
Амир Исмоил: Пулро байни ғозиён, он чунон ки ҳисоб кардаед, баробар тақсим намоед.
Симо-ал-Кабир: Амирам, ин гӯшношунид аст!
Амир Исмоил: Фармони шоҳон мавриди тардид қарор намегирад. Он чӣ фармудем, иҷро кунед.
Абуюсуф Яъқуб: Фармони амирам дар хусуси мусодира нашудани молу мулки мардуми шаҳр ба ҳама баробар тааллуқ дорад?
Амир Исмоил: Не. Фақат ба соҳибони аслии шаҳр сидқ мекунад. Заминҳои тасарруфшуда дубора ба соҳибонашон баргардонда шаванд. Ғосибони ин шаҳр ҷумлагӣ ба бардагӣ кашида мешаванд. Дар масоили марбут бо Хуршеддин писари Хурмуздофарид маслиҳат кунед, ӯ вазъи ин диёрро боз хубтар медонад.
Симо-ал-Кабир: Оё мешавад ба ӯ бовар кард?
Амир Исмоил: Чаро не? Ва ё шумо мулоҳизаи дигаре доред, ки мо намедонем?
Симо-ал-Кабир: Не амирам, аз рӯи одат, ҳамту пурсидам.
Амир Исмоил: Маволии хонадони мо фақат барои ҳамтур чизе намепурсанд. Агар шакку шубҳае доред, бифармоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё