Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
(ин ҷанги куфру имон) барои имтиҳони халқ ба якдигар аст ва онон, ки дар роҳи Худо кушта шуданд, Худо ҳаргиз ранҷу аъмолашонро зоеъ нагардонад.
Ба сарбозон, ба ғозиён бифаҳмонед: Кушед то кушта нашавед... Имрӯз майдондорӣ ба сипаҳсолор Марзук вогузор мешавад...
Садои ноқуси калисо аз деворҳои баланду мустаҳками шаҳр гузашта дар паҳнои даштҳо танин меандозад. Овози ниёиши ҳамсароён то ба домони уфуқҳои сӯхта, то ба иртифои абрҳои хунолуди осмони гирифта имтидод меёбад. Посбонҳои лашкари амир Исмоил паси гаравҳо пинҳон шуда, чашм ба сӯйи шаҳр бастаанд. Сипаҳсолор Марзук барои як шабехун задан бо сарбозонаш омодагӣ мегирад.
ТИРОЗ
Танкиш дар либоси муғулӣ бар тахт нишастааст. Дар наздаш чандто марди деҳқони суғдӣ ва қарлук ҳузур доранд.
Танкиш: Подшоҳи мусалмонон ба қасди ҷанг сӯйи мо меояд. Фардо занону кӯдакон ва пиронро ба даруни девор гиред ва дар роҳҳо посбонҳо гузоред. Ба уксуфҳо бифаҳмонед то мардумро ба ҷанг даъват намоянд. Шаҳр бояд ба ҷанг омода шавад.
Дашт
Гурӯҳе мусаллаҳ ҷодарҳои қарлукҳоро оташ мезананд. Аз чаҳор тараф садои дуҳул баланд мешавад. Мардуми ҷодарҳо бо тарсу ҳарос, бо доду вой ва аз дасту поча гумкардагӣ, худро ба ҳар тараф мезананд ва маҷруху мақтули шамшербадастону найзадорон мешаванд. Садои дуҳулҳо то рафт бо зарба ва баланд садо медиҳад ва дар шабехуншудагон чунин андешаи ҳавлнокро мебарангезад, ки сипоҳиёни душман ба мисли муру малаҳ майдони ҷанг мешаванд. Гурӯҳе ба сӯйи дарвозаҳои шаҳр фирор мекунанд, вале ба он ҷо нарасида кушта мешаванд. Ғозиён бераҳмона мекушанду оташ мезананд.
Ҳамӯя бинни Алӣ ғозиёнашро ба кӯмаки Марзук мефиристад:
Ҳамӯя:(ба сарони лашкараш) Тамоми майдони ҷангро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё