Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Симо-ал-Кабир: Ҳасмро ғофил пиндоштан хатост. Бинобар ин вазъ такозо менамояд, ки ҳушёрии бисёр ба харҷ диҳем, посбонҳои зиёд гуморем, ҳеҷ равандаеву ояндаро иҷозаи убур аз ин мавзеъ надиҳем.

Аҳмади Марзук: Маълумоте, ки язак дод, кофӣ нест. Зеро наметавонад ҳамаи сокинони хаймаҳо мардуми ҷангӣ бошанд. Ишон мардуми кӯчӣ ҳастанд ва дар беруни шаҳрҳо хайма мезананд. Фақат роҳбари онҳо, ки Танқиш хонда мешавад, дар шаҳр фуруд меояд. Мардуми шаҳр аслан қавми мо, яъне суғдӣ ҳастанд. Бинобарин тамоми сокинони хаймаҳоро лашкар пиндоштан хатост.

Амир Исмоил: Мо метавонем ба сокинони шаҳр такя кунем?

Аҳмади Марзук: Ишон ҳарчанд аз қавми мо ҳастанд, вале дини моро надоранд. Онҳо насорӣ мебошанд. Абумуслими Хуросонӣ садупанҷоҳ сол пеш онҳоро ба дини ислом овард, вале боз ба дини худ баргаштанд.

Симо-ал-Кабир: Зандиқ низ зиёд доранд. Банда низ то асорат пайрави мазҳаби Монӣ будам ва ба дасти қиблагоҳи амирам ислом овардам ва ба номи Симо-ал-Кабир хонда шудам. Ва имрӯз аксари сипаҳсолорҳои хилофати аббосӣ аз ҳамин қавм ҳастанд, вале бо сабаби бо қавмҳои саҳроӣ якҷоя парварда шуданашон бағалат турк хонда мешаванд.

Амир Исмоил: Аз ин ба мо чӣ суд? Онҳо ғайри дини мо ва хасми мо ҳастанд. Хасми сарсахт! Фаизо лақитуму аллазина кафару фазар би ар-рикоби ҳатто изо аҳсантуҳум фашудду ал васоқа фа аммо маннан баъду ва аммо фидоан ҳатто назаъа-ал-ҳарбу авзораҳо золика ва лавшоу оллоҳу ла антасара минҳум валекин лияблу абъазакум би-баъзин валлазина кутилу фӣ сабилуллоҳи фалан юзилла аъмолаҳум. Яъне худованд мефармояд: “Шумо мӯъминон чун (дар майдони ҷанг) бо кофирон рӯ ба рӯ шавед бояд (шӯҷоъона) онҳоро гардан занед то он гоҳ, ки аз хунрезии бисёр душманро аз по дароваред (ва ба куллӣ мағлубу таслим созед), пас аз он асирони ҷангиро маҳкам ба банд кашед, ки баъдан онҳоро озод гардонед ё фидя гиред то (дар натиҷа) ҷанг сахтиҳои худро фурӯ гузорад (яъне то кофирон таслим шаванд ва ҷанг хотима ёбад ё то ҳама имон оранд ва ҷанг аз ҷаҳон баруфтад). Ин ҳукми феълӣ аст ва агар худо мехост худ аз кофирон интиқом мекашид ва ҳамаро (бе заҳмати ҷанги шумо) ҳалок мекард, валекин

пешина
аз 675
навбатӣ