Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Раҳ басо дур буд...

Абулашъас Асад: Амирам дуруст мегӯянд. Бифармоед, дӯстон, бифармоед, нури дида, ба хонаи худ фуруд омадаед. (Ба назди Абуяъқуб Исҳоқ меравад ва фақат барои ӯ мегӯяд). Ман чизеро намефаҳмам. Шумо бар сари ман лашкар кашидаед?!

Исҳоқ бо чашмони аз ҳайрат дарида ба бародараш Асад менигарад. Чизе намефаҳмад. Амир Исмоил бар моҷарои ҳарду бародараш назора мекунад. Аз ҳозирин касе ба чизе пай намебарад. Меҳмонон, бузургони лашкари амир Исмоил, аъёну ашрофи Фарғона, ҳар кадоме вобаста ба мартабаву мансабаш ба ҷое гузашта мешинанд. Гуломон такопӯ хизмат мерасонанд.

Исҳоқ: Дар ҳақиқат ман чизеро намефаҳмам, ки бародарам чӣ манзуре доранд?

Абулашъас Асад: Шумо хуб мефаҳмед. Тамоми кирдори шумо тамаллуқ ва риёкорӣ будааст. Ман акнун фаҳмидам.

Табъи Абуяъқуб Исҳоқ тира мешавад, ба сӯйи амир Исмоил менигарад. Нигоҳи ишон ба ҳам бармехӯрад ва амир Исмоил ноаён ба сӯяш чашмак мезанад, ки бепарво бош.

Дар ҳамин вақт сипаҳсолори Фарғона Аҳмад бинни Мусии Марзук вориди маҷлис мешавад.

Амир Исмоил: Гумон мекунам сипаҳсолор хастагии роҳи Бухороро рафъ сохтанд, ва барои ҷиҳод омодаанд?!.

Аҳмад бинни Мусеи Марзук ба амир Исмоил таъзим намуда, дасташро мебӯсад.

Марзук: Дар рикоби амирам будан шараф аст!

Амир Исмоил: Вале амири Фарғона ҳамчунин андешае надоранд. Ишон аз сафарҳои тӯлонӣ ва ҷиҳоду пайкор хеле хаста шудаанд. Акнун замоне расидааст, ки бояд давлати пирӣ биронанд.

Абулашъас Асад: Амирам ба ҷои ман тасмим гирифтаанд.

Амир Исмоил: Бародари арҷманди мо худ заъфи худро медонанд ва мо ба натиҷае омадем, ки ишонро аз як зиндагии фараҳмандона, бе дагдагаву дарди сар таъмин намоем. Ишон ҳар куҷоеро, ки барои зиндагӣ кардан интихоб намоянд, мувофиқ ҳастам.

Абулашъас Асад: Ман ба ҳеҷ ҷо намеравам. Хонаи падарам ин ҷост.

Амир Исмоил: Хуб фикр кунед. Шумо ихтиёр доред...

пешина
аз 675
навбатӣ