Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳақшиносии ишон итминони комил дорем, бадгумон ҳастанд? Ва амир Исмоилро ба тутӯагарой гунаҳкор менамоянд?!

Амир Наср: Ман нагуфтаам, балки худи ишон чунин мегӯянд.

Абдуҷаббор бинни Ҳамза: Дар ҳақиқат ин ҷо бӯйи хиёнат ба димоғ мерасад. Вале ҳар хиёнате ошкор мешавад.

Амир Наср: Оре, ҳар хиёнате ошкор мешавад.

Абдуҷаббор бинни Ҳамза: Вале одамони зиёде ба ноҳақ ҷафо мекашанд.

Амир Наср: Якпорагии кишвар ва оромиши он тақозо менамояд, ки мо ба ҳеҷ кас гузашт накунем, агар он ҷафодида бародари мо бошад ҳам.

Муҳаммад бинни Нӯҳ: Мебинам, ки амирам тасмими хешро гирифтаанд, вале ҳайронам, ки чаро таъхир менамоянд. (Дастҳояшро ҷафс карда, ба сӯйи амир Наср дароз мекунад). Бифармоед, бар онҳо завлона зананд.

Амир Наср аз тахт поин меояд ва ба мисли як шери захмӣ ба чор тарафи толор қадам мезанад. Муҳаммад бинни Нӯҳ ба дунболи ӯ бо дастҳои пешкашида меравад.

Муҳаммад бинни Нӯҳ: Ман нисбат ба худам бадгумон шудаам. Хоҳиш мекунам...

Амир Наср якбора дар ҷояш меистад ва бо суръат ба тарафи Муҳаммади Нӯҳ мегардад ва ба хашм дар чашмони ӯ менигарад.

Муҳаммад бинни Нӯҳ: Мо ҳар ду аз банди бадгумонӣ раҳо хоҳем шуд.

Амир Наср: Масқарабозӣ бас!... Агар нисбат ба худ бадгумонед, ин ҷурми шумост. Мо ҳамчунин андешаеро надоштаем. Шумо аз куҷо гирифтед, ки мо нисбат ба шумо бадгумон ҳастем?! Ва шумо чӣ тасмим гирифтани моро, дар бораи чӣ тасмим гирифтани моро аз куҷо медонед? Хоҳиш мекунам, ин гумонҳои беморгунаи хешро ба як сӯ гузоред. Ҳукми ҳоким то содир нашавад, ҳар гуна гумону андеша дар бораи он хатост!

Муҳаммад бинни Нӯҳ хиҷолатзада дастҳояшро поин меорад ва ба мисли мехкӯбшуда бар замин беҳаркат дар ҷояш меистад.

Амир Наср: Мо шуморо мешиносем, ҳусни нияти шуморо медонем... Аз аввал медонем ва дӯст медорем. Мо дӯстии худро қурбон додаем. Мо дар бораи ҳеҷ кадом аз шумо

пешина
аз 675
навбатӣ