Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷа Абилҳафс ҳамчунон лоту мот таъзимкунон, пуштнокӣ, яъне аз амир рӯй нагардонда, баромада меравад. Ва то аз қаср бадар шудан бо худ ҳарф мезанад: "Муқаддас аст... Муқаддас аст... Муқаддас..."

САМАРҚАНД

Қасри шоҳӣ

Рӯйи суффаҳои ду тарафи тахти шоҳӣ Хоҷаи Бузург, Муҳаммад бинни Нӯҳ, Абдуҷаббор бинни Ҳамза, Симо-ал-Кабири сипаҳсолор хомӯш нишастаанд. Амир Наср бинни Аҳмад бо чеҳраи гирифта, хашмгин назди панҷара ба сӯйи боғ назора мекунад. Гӯё чизе дар хотираш хутур карда бошад, бо ғомҳои сареъ ба сӯйи ҳозирин меравад.

Амир Наср: Дигар ҳеҷ ҷои таҳаммулаш намонд. Абоиброҳим дар сар андешаи дигаре дорад.

Нӯҳ: Ҳар андешае, ки бошад, хилофи манофеи кишвар ва амирам нест. Ман ҳатто ба хаёл дода наметавонам, ки Абоиброҳим коре хилофи фармудаи амирам анҷом диҳад. Ин кори шуданӣ нест!

Амир Наср: Пас напардохтани хироҷи Бухоро чӣ хел фаҳмем?! Рофеъ бинни Ҳарсама кист, ки бо вай тарҳи дӯстӣ афканам? Як исёнгар, осӣ бар хоҷаи худ! Магар ӯ ҳамон касе нест, ки Яъқуби Лайс ӯро аз зиштии зиёдааш аз наздаш ронд? Магар ин омилҳо тарҳи як исёну осӣ шуданро намерезанд?

Хоҷаи Бузург: Мо дигар ҳар чӣ ки нагӯем, амирам тасмими хешро гирифтаанд. Вале масъулияти вазифа тақозо менамояд, ки дар ин замина андешаи хешро иброз дорем.

Амир Наср: Бифармоед.

Хоҷаи Бузург: Ман ҳадас мезанам, ки шояд дар пардохтани хироҷ таъхир намудани шоҳзода ба сабаби хушксолие бошад, ки мардуми кишвар мубталои он шудаанд. Мо ҳама медонем Абоиброҳим чӣ хел як марди ботадбир ва одилу дар ниҳоят худотарс ҳастанд.

Амир Наср (Ҳафсалагир шуда): Хуш!...

Хоҷаи Бузург: Шояд ҳамин сирати фардии шоҳзода сабаб шуда бошад, ки нахостаанд бар мардум ситам раво бинанд, яъне аз мардум охирин сармояи зиндагиро, ки калил шудааст, бо зулм ситонанд.

пешина
аз 675
навбатӣ