Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

доранд. Ҳар кадоме ба коре машғул аст. Чанде нагузашта Хоҷа Абилҳафс ҳам меояд. Онҳо якҷоя ба қабули амир мераванд.

Ҳусайни Аъло: Амир Исмоил мунтазири шумо ҳастанд.

Хоҷа Абилҳафс меистад ва ба чашмони ҳайратзада ба Ҳусайни Аъло менигарад.

Хоҷа Абилҳафс: Чӣ хел?

Ҳусайни Аъло: Ман аз амир хостам шуморо қабул кунанд.

Хоҷа Абилҳафс: Саросема шудан лозим набуд.

Хоҷа Абилҳафс меандешад:

“Пас ин ҳама корҳо аз тақсири ӯст. Ва мехоҳад маро ҳам олуда созад. Ҳусайн чӣ фикре дорад?..”

Ҳусайни Аъло: Узр мехоҳам, ҳамин тавр шуд.

Дарро мекушояд, Хоҷа ворид мешавад ва худаш паси дар мемонад.

Амир Исмоил ба пешвози Хоҷа Абилҳафс аз ҷояш мехезад ва чанд гом мезанад.

Амир Исмоил: Узр мехоҳам, ки Хоҷаро ба ташвиш андохтем. Мебоист аз ниятҳои хеш эшонро муталеъ месохтем. Вале Хоҷа ташвиш накашанд ва ба хонаводаҳои ашроф ба итминон бирасонанд, ки бузургонашон аз паи иҷрои умури давлатӣ ба Самарқанд рафтаанд, баъди анҷоми он ба манзилашон бармегарданд.

Хоҷа Абилҳафс: Аз рафтани онҳо вақти бисёре бигузашт. Дар ҳақиқат хонадони эшон ба ташвиш афтодаанд. Дирӯз фарзанди Абумуҳаммад ба талаби падараш ба назди Ҳусайни Аъло омада буд.

Амир Исмоил: Мо ба Самарқанд нома навиштем. Дар рӯзҳои наздик эшон бармегарданд. Супориш ҳам додаем, ки аз эшон хеле хуб пазироӣ намоянд. Аҳли Бухоро эшонро бо тамоми шукӯҳ, ки шоистаи шарафи онон бошад, истиқбол хоҳанд гирифт. Онҳо назди мо арҷманд ҳастанд ва баъди бозгашт дар мансабҳои хеш адои хизмат хоҳанд намуд. Мо ба ин кор Ҳусайни Аълоро маъмур кардаем. Агар Хоҷа маъмурияти дигаре доранд, бо камоли майл дар хизматашон ҳастем.

Хоҷа Абилҳафс лолу мот ба амир Исмоил менигарад ва беихтиёр таъзим мекунад.

Хоҷа Абилҳафс: Ман фақат ҳамин чизро донистанӣ будам. Дигар музоҳими ҷаноби олӣ намешавам.

пешина
аз 675
навбатӣ